Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар як тараф Мамараҷаб ҳам ҳамин хел машғули мактубнависӣ буд. Баробари хам шуда ба заминкан даромадани Ванюшин Мамараҷаб ва Сафар куҷо будани худро фаромӯш карда, аз рӯи одат дар назди сардор аз ҷояшон бархостанӣ шуданд, вале сари онҳо ба шифти заминкан бархӯрда, боз дар ҷояшон нишаста монданд. Ванюшин аз ин рафтори онҳо хандида, «шинед, шинед» гӯён китфи ҳар дуро зер кард.
– Аз афташ ба хона мактуб менависед?
– Ҳа, рафиқ роҳбари сиёсӣ, имрӯз мактуб гирифтам, акнун ҷавоб навишта истодаам, – гуфт Сафар.
– Чӣ менависанд, мумкин аст, ки боз мою шуморо таъна дода бошанд? – гӯён роҳбари сиёсӣ шӯхӣ кард.
– Не, рафиқ политрук. Аз он ки дер боз мактуб нанавиштаам, дар хавотир мондаанд.
– Дидед, шумо бо андешаҳои беасос мактуб нанавишта, хешу табори худро дар хавотир гузоштед.
– Мактуб аз модаратон?
– Ҳа, аз модарам ва аз муаллимаи мактаби деҳаамон.
– Бисёр хуб. Аз номи моён салом расонед, гӯед, ки албатта ба хона бо ғалаба бармегардем.
– Хуб, менависам, рафиқ роҳбари сиёсӣ.
– Хӯш, ба шумо чӣ менависанд? – пурсид роҳбари сиёсӣ аз Мамараҷаб, ки дар як гӯшаи заминкан ба гапҳои Сафар гӯш дода менишаст.
Агарчи Мамараҷаб ҳам аз амаки худ Мирбадал мактуби дуру дароз гирифта буд, дар вай ягон калимаи ба дигарон нақлкунанда набуд. Аз сар то по, мисли аввала, гапҳои сафсата ва аз роҳзананда буданд. Барои ҳамин Мамараҷаб ба пурсиши роҳбари сиёсӣ ягон чиз гуфта натавониста, забон мехоид. Ба ҷои вай Сафар гап зад:
– Ин кас ҳам ҳамватани ман, рафиқ роҳбари сиёсӣ.
– Ҳамин тавр, бисёр хуб. Чаро ин қадар пажмурда менамоянд, чӣ, магар аз хонаашон ягон хабари нохуш гирифтаанд?
– Не, ба фикрам, ҳеҷ гап не. Ин кас фақат як амак доранд, ки дар магазини ҷамъияти матлуботи деҳот кор мекунанд, дигар ҳеҷ кас надоранд.

пешина
аз 333
навбатӣ