Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай беҷон буд. Аз сари синааш то болои нофаш олудаи хун буд. Мардаки кулӯтариш ва дар паҳлӯи вай яке зани миёнсоли мӯсиёҳ худро ба болои мурдаи писарак партофта, чунон фиғону нола мекарданд, ки дили дигарон ҳам аз нолаи онҳо об мешуд.
Ин писараки ҳанӯз ба камол нарасида, ки ҳамроҳи падару модараш хонаю ҷойи худро партофта, аз дасти истилогарон ба ақибгоҳи дур паноҳгоҳ кофта мерафт, қурбони тири ҳамон қиркунандаи немис шуда буд.
Ҷанговарон бо фармоиши Осмухин ва Ванюшин, ки онҳо низ ба сари ин воқиаи хунин расида омада буданд, ҷасади писаракро бардошта, аз сари роҳ ба миёнҷои як пали замини корам бурданд. Дар он ҷо барои ӯ қабр кофта, ин писари бемаҳал қурбоншудаи соҳили Донро ба оғӯши хоки Дон супурданд...
Падару модар дар байни ним соат дар доғи писар девонавор ҳушу хаёли худро гум карда, аз болои қабр сар намебардоштанду хоки ӯро ба ашкҳои худ тар мекарданд.
Дар болои қабр салюти кӯтоҳи автомату туфангҳои ҷанговарон садо дод. Падари писарак аз ҷояш хеста ба китфи Сафар, ки вай дар паҳлӯяш истода буд, даст партофта, сарашро ба синаи ӯ монду бо овози пуралам гуфт:
– Фарзандонам, ҳаққи хуни ин бародари аз дасти Гитлер ҷавонмаргшудаи худро ҳам фаромӯш накунед.
Мамараҷаб ба сари қабр омада, зани дар болои он хобидаро оҳиста бардошт ва ӯро ба пеши аробаи чорчарха, ки ҷанговарон онро рост карда, чизу чораҳои ба ҳар сӯ титу парешоншудаашро ҷо ба ҷо карда буданд, оварда ба он савор кард. Ароба ба таври ҳузновар нолишкунон боз ба роҳ даромад...
Мамараҷаб аз паси ароба хеле нигоҳ карда монд.
Дар чашмони пилкҳояш варамкардаи вай ашк ҷӯшида буд... Дандонҳои ӯ асабиёна ғиҷиррос мезад...

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Посе аз шаб гузашта, бурҷи Парвин ба шимол хамида буд.

пешина
аз 333
навбатӣ