Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз байн ду-се сония нагузашта, аз дари идораи мактаб Зебӣ даромада омад. Онҳо ба якдигар баробар салом доданд. Сафар хушҳолона назди Зебӣ омада ба ӯ даст дароз кард. Зебӣ ҳам бо як шарму ҳаёи духтарона чашмонашро поён дӯхта, дасти Сафарро оҳиста фишурд.Дар ин дам аз ҳаяҷони ботинӣ чеҳраи ӯ гулгун шуда буд. Сафар ба ин рафтори Зебӣ чизе намегуфт.
Баръакс, аз ин гуна шарму ҳаёи ӯ дар дили Сафар самимияти нав, муҳаббати нав ҷӯш мезад, тамоми зеҳну диққати ӯ ба рафторҳои ба худ зебандаи Зебӣ ҷалб мешуданд...
Пас аз якчанд сония хомӯшӣ:
– Хуш омадед, муаллим (Зебӣ Сафарро ҳамеша муаллим меномид), чӣ хабарҳои нав? – гуфт Зебӣ дафтару китобҳояшро ба болои мизи хатнависӣ гузошта.
– Ташаккур, хушвақт бошед. Чандон хабарҳои нав надорам, – ҷавоб дод Сафар, – аз худи шумо пурсем?
– Наход дар байни чор-панҷ рӯз ҳеҷ хабари нав нашунида бошед? – боз такрор кард Зебӣ.
Сафар аз ин такроран пурсидани Зебӣ гумон мебурд, ки мумкин аст вай аллакай аз ҳамаи кору бори ӯ хабардор бошад ва илоҷи ба дигар мавзӯъ гардондани суханро ҷустуҷӯ намуда, бо забонхоӣ каме хомӯш монд. Зебӣ ҳам аз ин вазъияти Сафар пай бурд, ки вай ягон хабари навро аз ӯ пинҳон медорад ва боз бо кунҷковӣ, ба саволдиҳӣ сар кард:
– Дар шӯъбаи маориф чӣ хабарҳои тоза? Аз он ҷоку ягон кас ба аскарӣ нарафтааст?
– Ҳа, эҳтимол як-ду кас равад, – ҷавоб дод Сафар.
– Кӣ?
– Инспектор Раҳмонзода, баъд ҳисобдори шӯъбаи маориф.
– Аз муаллимон-чӣ?
– Аз муаллимон ҳам, – гуфт Сафар, – якчанд кас барои ихтиёран ба фронт рафтан ариза дода будаанд.
– Киҳо?
– Исмоилов, Калонзода,Қаюмов, Меликов ва боз якчанд каси дигар.
– Ба онҳо чӣ ҷавоб додаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё