Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кӣ?
– Кӣ мебуд, ту.
– Бекор гуфтӣ, камаровӣ, – гӯён Дадабой остинашро болотар кашида, ба сарангушт ва ангушти шаҳодати дасти чапаш бозую дасти росташро чен кард, – мана, бозуи акотро бин, сутунча барин. Насиб бошад, соҳиби ин бозу аз ин теппа боз даҳ-понздаҳ немисро каллапо накунад, номаш Дадабой набошад.
– Гап дар бозу не, ҷӯра, гап дар нотарсии дил, – эътироз кард Нозир худписандии Дадабойро рад карда.
– Дил бошад, азони асп барин. Агар фармоянд, аскари немис ҳам гап-мӣ, худи Гитлери ҳаромиро ҳам дошта меомадам, – ҷавоб дод Дадабой калонгирона.
Офтоб ба болои теппа рост шуд. Ҳаво тафсида, теғи офтоб ба китфи одам сӯзон мерасид... Ҳатто магас ҳам аз гармӣ гурехта, ба деворҳои нами сангару заминканҳо часпида, бо ду пои қафояш болҳои худро мемолид... Аз чӣ сабаб бошад, ки «рама» пагоҳии барвақт пайдо шуду дар болои сар чарх зада рафт ва дигар наомад.
Дере нагузашта боз тӯппаронӣ ва бомбапартоӣ сар шуд. Оташи немисҳо чунон зӯр буд, ки дар минтақа ротаи Осмухин ҷои гулӯлаву мина наафтодагӣ қариб намонда буд, ҷанговарони рота дар паноҳгоҳҳои заминкан ва сангарҳо наҷунбида менишастанд.
– На ин, ки одам, аз ин оташ муш ҳам аз хонааш сар бароварда наметавонад, – ба забони нимкораи русӣ гуфт ҷанговаре, ки дар паноҳгоҳ муш барин кулӯла шуда менишаст.
– Сабр кун Бердиев, ҳоло навбат ба мо ояд, баъд мебинӣ, муш он тараф истад, магас ҳам ҷои пар задан намеёбад, – ҷавоб дод Коробко.
Баъд аз тӯппаронӣ боз дар рӯ ба рӯ танкҳо намоён шуданд. Ин сафар як қисми онҳо ба тарафи шимолу шарқ, қисми дигарашон ба тарафи ҷанубу шарқ ҳаракат мекарданд. Аз рӯбарӯ бошад, тӯпҳои худгард меомаданд, ки милаҳояшон аз танаашон як метр дароз буданд.

пешина
аз 333
навбатӣ