Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ҳамон замон бо ду дасташ сари синаи ӯро қафонокӣ сахт тела дод. Тани нимҷони немис кунда барин ақибнокӣ ба нишебии теппа афтода, ду-се метр ғелида рафт...
Сафар зуд ба гирду пешаш нигоҳ карда дид, ки немисҳо дар заминканҳо меҷанганд. Вай ҳамон дам худашро ба гардиши заминкани холӣ ҳаво дода, як немиси аз чап давида омадаро бо оташи автомат пешвоз гирифт. Немис ба қафо нагашта ӯ ҳам ба Сафар тир холӣ кард. Дар гардиши заминкан истоданаш ӯро аз тиррасӣмуҳофизат мекард. Тирҳо дар рӯ ба рӯи вай ба девори заминкан расида, мисли орухона сӯрох мегузоштанд... Немис дигар барои ба пеш рафтан ҷуръат накарда, худашро ба қафо кашиданӣ буд, ки аз тарафи рост боз як немис сархамкунон лӯккас зада омад. Вай рӯбарӯи Сафар омада мондани худро пай набурда, ӯро дидан замон як қадам қафо гашту сонӣ «Ҳалт рус!»
гӯён автоматашро ба тарафи Сафар рост кард. Сафар бошад, чаққонӣ карда, аз вай андаке пештар тир андохт. Немис дудаста ба девори заминкан такякунон оҳиста ба замин афтод. Аз паси ин дар роҳи чапи заминкан таркиши норинҷак баланд гардид ва боз тӯк – тӯки поймониҳо шунида шуд. Сафар дар ин дақиқаҳо фаҳмида наметавонист, ки чӣ хел ӯ танҳо монд ва шарикони вай дар куҷо меҷанганд.
Вай аз таркиши гулӯла тахмин кард, боз ба тарафи чапи роҳрави заминкан давиданӣ шуд. Аммо аз гардиши роҳрав нагузашта, ҳамон немиси якуми дар заминкан дидааш давон – давон ба тарафи ӯ тир холӣ карда меомад. Сафар зуд худашро боз ба гардиш гирифта ба девор ҷафс истод. Немис ҳам ба ҳамин гардиши заминкан омада буд, ки Сафар куланги автоматро зер кард, вале... тир набаромад. Немис бошад, ҳамон замон аз ин пай бурда, боз ба забони худаш «Даст бардор!» гуфт. Сафар ду дасташро аз автоматаш канда оҳиста боло бардошту ҳамон дам мили ба сӯи вай рост кардашудаи автомати немисро маҳкам дошта ба тарафи чап гардонд... Немис тир холӣ кард, вале тирҳо ба девори заминкан бархӯрданд.Сафар зӯр зада автомати ӯро кашиданӣ шуд, лекин немис аз ӯ калонтар ва боқувваттар буд.

пешина
аз 333
навбатӣ