Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Акнун иқрор шавед, ки шумо ба ман боварӣ надореду боз ба ҷои худ сарварии мактабро ба гарданам бор кардед, – гӯён Зебӣ аз Сафар гила кард.
Сафар ҳам аввалин бор дар назди Зебӣ ин тавр ба вазъияти ногувор мондани худро пай бурд ва ба рӯи ӯ ҳам хуни хиҷолат давид, дар оҳанги сухани ӯ эътирофкунии гуноҳи худ ҳис карда мешуд.
– Ин гуноҳи ман аст, албатта, Зебӣ. Лекин ман намехостам, ки пеш аз ид нағора навозам ва ба ҷои худам таъйин карда шудани шумо аз камоли боварӣ аст ва ман аз шумо ҳамеша дилпурӣ дорам. Мехостам фаҳмам, аз ростӣ шумо мақсади маро пештар фаҳмида будед?
– Ҳа, – ҷавоб дод Зебӣ, – рӯзҳои аввали сар шудани соли таҳсил аз шумо якчанд дафтар гирифта будам.
Дар як варақи он дафтарҳо аризаи нотамоми шуморо хонда будам.
– Ин тавр бошад, чаро ҳамон рӯзҳо мақсади аризаро напурсидед?
– Ҳоло ман ихтиёри ба корҳои шахсии шумо дахл кардан надорам...
Ҳаққонӣ ва кинояомез будани ин ҷавоби Зебӣ Сафарро аз саволҳои дигар боздошт ва калимаи «ҳоло»
зуд ба фикри ӯ хаёлҳои аҷиберо бедор кард.
Мумкин буд дар байни ҳар дуи онҳо боз чандин дақиқаи дигар ҳамин тавр гуфтугӯҳои кинояомез давом кунад, вале занге, ки саршавии вақти дарсро хабар медод, сухани онҳоро дар ҳамин ҷо бурид.
Зебӣ аз болои миз дафтару китобҳояшро гирифта, аз Сафар пурсид:
– Шумо ҳоло дар ҳамин ҷо будагед?
– Не, ман ҳам ҳозир меравам. Ҳанӯз ба назди очаам нарафтаам, – гуфт Сафар ҷузвадонашро ба қуттии миз гузошта.
– Наход ҳоло ҳам очаро надида бошед? – гуфт Зебӣ ва илова намуд, – чашми оча дар раҳатон чор шуд, намедонам ба ин хабарҳои нави шумо чӣ мегуфта бошанд?
Сафар ҳамроҳи Зебӣ аз идораи мактаб баромада, ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё