Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– касе аз байни ҳозирон гап партофт.
Ба болои гуфтугӯи онҳо Одил Саркор, ки марди миёнсоли қоматбаланд буд ва дар тан ҷомаи кории гарду чангзеркарда дошт, омада хабар дод:
– Раис, ҳоло рӯйхатро ҷамъбаст накарда истед.
– Ҳа, боз чӣ шуд? – пурсид акои Олим аз Саркор.
– Аз муаллиму мактаббачагон ҳам даҳ қуттӣ себ омад, – гӯён Одил Саркор, Сафар, Юнусбобо, мудири илмӣ Мансуров ва Зебиро, ки аз тарафи мактаб бо ҳамроҳи якчанд муаллиму мактаббачагон дар дасташон қуттиҳои пур аз себ меомаданд, нишон дод. Ҳама ба ҳамон сӯ рӯ оварданд.
Норзода бо хушҳолӣ ба Сафар, ки аз рӯ ба рӯ меомад, гап партофт:
– Одинаев ҳам ба имо маътал будаанд-дия.
– Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан, садқа..., – ба Норзода нигоҳ карда гуфт Юнусбобои аз ҳама пештар омадагӣ ва қуттии пур аз себро ба болои кати чойхона гузошту боз ба сухан давом кард: – Ин аз нӯги хамир фатир... Дертар мондем, набошад номаш боғчаи мактаб бошад ҳам, маҳсулаш аз маҳсули бригадаи Саркор кам нест.
– Номаш хурду кораш калон гӯед, – гуфт Норзода аз сухани Юнусбобо завқ карда.
– Ҳа, ана, олам гулистон, ёфтед, – ҷавоб дод Бобо ва ба Норзода дасти мулоқот дароз кард.
Ба гап Сафари ба назди онҳо расидаомада ҳамроҳ шуд:
– Модоме ки ин корвон аз деҳаи Ҷӯйбор, аз колхози «Коммуна» мерафтааст, чаро моён – фарзандони ҳамин деҳа, аъзоёни ҳамин оила аз иштирок кардан ба вай дар канор монем?
– Хоҷагии шумо дахлнопазир гуфтем-дия, додар... – бо табассум ва шӯхӣ гап зад Одил Саркор.
– Дахлнопазир ба бегонагон аст, Саркор амак! – хитоб кард бо як қиёфаи ғаюрона Зебӣ ва илова намуд: – модоме ки ин корвон аз номи колхозчиён мерафтааст, чаро фарзандони онҳо аз қатор монанд? – Сафар аз ин ҷавоби Зебӣ мамнун гашта, дар давоми сухани ӯ тасдиқомез сар меҷунбонд. Одил Саркор бошад, зуд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё