Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ қадаре ки пахта чида бошам, ҳаққи ҳамаашро месупорам, – гуфт Барно.
Бобо падарвор шод гашта, аз пешонаи Барно оҳиста бӯсид ва гуфт:
– Рафта аз ҳисобдор пурсем, канӣ ҷамъ чӣ қадар мешавад. Коре шавад, ки аз дигарон зиёд бошад, ки кам не.
Юнусбобо баромада рафт. Умрихола ба оташи гулхан боз як бандча ғӯзапоя партофт. Оташи гулхан баланд шуд ва аз гармии он рӯи ҳозирон анорвор суп – сурх тобиш медод.


Бошишгоҳи колхози «Коммуна» ба пешвози иди Октябр зебу зинат дода шуда буд. Одамоне ки ба ин ҷо либосҳои тару тоза пӯшида ҷамъ омада буданд, нутқи котиби ташкилоти ҳизбии колхози худро мешуниданд.
Одил Саркор ба колхозчиён дусад фоиз иҷро шудани нақшаи пахтаро хабар дода, натиҷаи мусобиқаи сотсиалистии бригнада ва звеноҳоро гуфт.
Маҷлиси тантанавӣ қариб ба охир расида буд, ки ба бошишгоҳ Ҳодикӯсаи хаткашон даромада омад. Вай назди дар истода Юнусбоборо меҷуст.
– Канӣ чол, чол канӣ? Юнусбоборо ёбед!
Ҳама ба тарафи Юнусбобо рӯ гардонда, аз қиёфаи пурҳаяҷони хаткашон дар ҳайрат монда буданд. Баъд аз бори чорум ном гирифтан Юнусбобо бо тарсу ваҳм аз ҷояш бархосту ба Ҳодикӯса худашро нишон дод.
Ҳодикӯса давида омада, аввал ӯро сахт ба оғӯш кашиду гуфт:
– Офарин ба ту – чоли ҷаннатӣ, офарин, шакар ба даҳонат, қоил кардӣ.
– Боз чӣ шуд, гап зан, худаш чӣ гап, – гуфт Бобо мақсади хаткашонро нафаҳмида.
Вақте ки аз раёсат Одил Саркор Ҳодикӯсаро ба назди худ ҷеғ зад, Ҳодикӯса бо сумкаи хаткашониаш давон – давон ба назди саҳна рафта, як коғазеро, ки дар даст маҳкам нигоҳ медошт, ба ҳозирон нишон дода, саросема гуфт:
– Аз рӯи закун ҳар як мактубу коғаз бояд ба дасти соҳибаш супурда шавад.

пешина
аз 333
навбатӣ