Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд фармондеҳи взвод дар дасти Сафар мактубро дида пурсид:
– Аз хона мактуб гирифтед?
– Не, рафиқ лейтенанти хурд. Аз фармондеҳи ротае ки ман собиқ хизмат мекардам, аз лейтенант Осмухин.
– Аз Осмухин? Яков Данилович? – бо ҳайрат пурсид фармондеҳи взвод.
– Чӣ, магар шумо ӯро мешиносед? – Сафар ҳам дар тааҷҷуб монда пурсид.
– Ҳар дуямон як омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда будем. Чӣ менависад вай? Корҳояшон чӣ тавр? Саломат-мӣ?
Баъд аз ин саволу ҷавоб лейтенанти хурд ба Сафар гӯё ошнои наздику қадрдон менамуд. Вай хатро ба командир дароз карду аз кисааш суратеро баровард, ки ҳамроҳи Осмухин пеш аз ба ҷабҳа омадан дар Тоҷикистон гирифта буданд.
– Оре, дар ҳақиқат шумоён дӯсту ҷӯраи наздик будаед, – пас аз мактубро хондан гуфт лейтенанти хурд. – Ҳар гоҳ ки ба ӯ мактуб менависед, Юрий Павлович Николаев ба шумо салом мерасонад гӯед. Вай маро нағз медонад. Мо ҳам дар омӯзишгоҳ ҷӯраи қарин будем... Гӯед, ки ҳамаи мо барои ҳарчи зудтар ба ёрии онҳо расида рафтан ҷидду ҷаҳди зӯр дорем. – Лейтенанти хурд камтар хомӯш истоду баъд ба пеш, ба дуродур нигоҳкунон гуфт: – Ана, он ҷо деҳаи Ерзовка. Аз деҳаи зодгоҳи ман бошад, ҳозир фақат ном мондаасту бас.
Авзои вай беҷо шуда, ба як тараф баргашту рафт.
Душман акнун маротибаи панҷум ба муқобили мо ҳамла мекард. Дар пеши сангарҳои ҷанговарони Сафар танки душман, ки пагоҳӣ Йӯлчӣ ба муқобили вай шишаи дардиҳанда ҳаво дода сӯзонда буд, ҳоло ҳам дуд мекард. Танк дар хамгашти теппа, даҳ-дувоздаҳ метр дуртар аз сангарҳо меистод ва пеши чашми ҷанговаронро банд мекард.
Гитлерчиён метавонистанд аз ин танк истифода намуда, номаълум ба наздиктари мавқеи ҷанговарони мо хазида оянд. Сафар хост ба ин ҳилаи душман роҳ надиҳад.

пешина
аз 333
навбатӣ