Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки мумкин аст «Аз бозори гӯсфанд дер намонам»
гуфта ба таҳлука афтодаед.
– Аз бозори гӯсфанд дер монам парво ҳам намекардам, аммо аз маърака мондан хеле айб шуд, – гӯён Бобонор ба ҷавоби нимғурмаи Мирбадал гӯш надода ба пеш шитобид. Вай аз чойхона болотар, дар назди клуби колхоз ба Норзода вохӯрд, ки бо Сафар гапзанон истода буд.
– Ҳа, бахайр Бобонор! – пурсид Норзода.
– Э, ассалом додар, – гуфт бесаранҷомона Бобонор.
– Садқетон шавам, боботон аз маърака дер монд. То ин ҷонварро аз қир пеш карда омаданам, аллакай корвон рафта мондааст.
– Чӣ, ҳамроҳ рафтанӣ будед? – савол дод Сафар.
– Ҳамроҳ ҳам мерафтаму лекин аз ҳама аввал мана ин ҳадяи хурдакаки худро қатӣ карданӣ будам, – ҷавоб дод Бобонор ҳарсосзанон.
Сафар бо илтимоси Норзода барои корвонро аз роҳ нигоҳ доштан давид. Норзода аз китфи Бобонор гӯсфандро гирифта ба замин монду гуфт:
– Хайр, аз шумо ин кор зарур ҳам набуд-ку.
– Эҳ, садқетон гардам, писар. Аввал аз падар ва бобоямон васият мондааст, ки аз кори маърака берун намонем, сониян ҳамин, ки ана ин мирзо Сафар қатори як нури чашми мо – Шодӣ аз ҷанг як сол пештар ба аскарӣ рафта буд, дар хаташ «ҳозир дар наздикиҳои Маскав ҷангида истодаем» гуфтааст. Модоме ки халқ ба ҷанговарон ҳадя мефиристодааст, падари яке аз онҳо – ман чӣ хел аз қатор берун монда метавонам?
– Рост, хуб гуфтед.
Гуфтугӯи онҳо ба охир нарасида Сафар баргашта омаду худаш гӯсфанди Бобонорро бардошта бурда, ба як аробаи корвон бор карда монд. Бобонор ҳам ба ҳамон ароба савор шуда гирифт. Дар ҳамин вақт Одил Саркор ба назди Бобонор омада ҳазломез гуфт:
– Оббо Бобоноре, хуб мӯйсафеди ба ҳар куҷо пойрас ҳастед-дия.
– Пои Саркор дар куҷое ки бошад, пои мо ҳам ба ҳамон ҷо нарасида намемонад, додарҷон... – ҷавоб дод Бобонор бо хушҳолӣ ва арақи пешонӣ ва рӯю гарданашро пок кард.

пешина
аз 333
навбатӣ