Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Полки майор Голубев дар ҳамин маҳалли аз ҷиҳати тактикӣ ва стратегӣ муҳим қарор гирифта буд. Инро аз ҳар як ҷанговари қаторӣ сар карда то фармондеҳони калони полк хуб дониста гирифта буданд ва онҳо дар дил он умедро доштанд, ки ба Сталинград ҳамчун яке аз аввалин қисмҳои ҳуҷумкунанда рахна карда медароянд.
Сафар ҳам аз ҷумлаи ҳамонҳо буд. Вай ин соату ин рӯзро бо бетоқатӣ мунтазир мешуд. Ҳоло вай дар муқобили немисҳо мисли пештара бо ҳафт кас не, балки бо қувваи аз он чор-панҷ баробар зиёдтар меистод.
Канӣ акнун, ҳамин соату ҳамин рӯз фармон шаваду вай взводи худро ба сари душмане, ки панҷ моҳи дароз ин сарзаминро помол мекард, ба ҳуҷум барад...
Вале ин соату рӯз дар ин қитъаи ҷабҳа тӯл мекашид.
Шаби арафаи нуздаҳуми ноябр ходимони сиёсии дивизия, полк, баталйон ва рота сангар ба сангар ба назди ҳар як ҷанговар омада, муждаи дар кӯчаҳои мо ҳам сар шудани иди калонро мерасонданд, дили ҷанговарони дар сӣ – сиву панҷ дараҷаи сармои сахт дар окопҳои яху барфин парӯ дарозкашидаро бо суханҳои моҳҳо боз ба гӯш нарасида гарм мекарданду мегуфтанд: «вазифаи дивизияи мо он аст, ки қувваҳои дар рӯ ба рӯ будаи немисҳоро аз пеши худ дур накарда, баръакс онҳоро бисёртар ба ҳамин сӯ кашем. То ки он қисмҳои немис, ки ба ҳуҷуми лашкари шӯравии дигар қитъаҳои ҷабҳаамон гирифтор мешаванд, аз инҳо ёрӣ дида натавонанд...»
Ниҳоят, субҳи нуздаҳуми ноябр, «нағора»-и сар шудани ид аз як сари ин сарзамини соҳили Волга то дигар сари он садо дод... Аз шимоли ғарбӣ, аз ҷануб ва ҷануби шарқӣ ғулғулаи тӯпҳои беҳисоб заминро ба ларза оварда, дили осмонро мехарошиданд.
Ермак дар заминкан Сафарро ба оғӯш гирифта, бо ашки шодӣ овозашро баланд сар дода мегуфт:
– Ана, рафиқ сержанти калон, ин тӯй ҳам сар шуд...
Акнун тараддуди тӯи арӯсиро бинед.
Сафар ҳамчун сардор ва ҷавобгари мавқеи худ ҳаяҷони ҷӯшидаистодаи худро базӯр зер карда, аз рӯи эҳтиёткорӣ мегуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо