Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ба старшина ин гапҳои Володин аз оташи бухорие, ки дар паҳлӯяш дармегирифт, сӯзонтар таъсир карда, ӯро ба обу арақ меғӯтонданд. Вай, аз афташ, аз гуфтаҳои худ пушаймон шуд, ки даъвои пештарааш каме суст шуд.
– Ман ин гапҳоро берун аз сиёсат гап задам, рафиқ капитан, – узромез гуфт старшина.
– Ана барои ҳамин ҳам нодуруст гап задед, – ҷавоб дод капитан Володин.
– Дуруст аст, рафиқ капитан, аз мо гузашта бошад, бубахшед, – гуфт старшина ва ба лейтенант Николаев муроҷиат карда, – набошад, вақт нагузарад, рафиқ лейтенант, – соат чору понздаҳ... – Старшина ба соати дастии шабтоб нигоҳ кард. Николаев пурсид:
– Хӯш, дигар ба рафтани сержанти калон эътироз надоред?
– Дигар ҷои эътироз ҳам намонд, рафиқ лейтенант.
Акнун ин тарафаш ба чӣ хел амал кардани худи вай вобаста аст. Коре карда, шикорамон беиллат барор гирад, – гуфт старшина ба қиёфаи ҷиддии Сафар нигоҳ карда.
– Мувофиқи фармони фармондеҳи полк ин кашфи ҷангӣ мешавад-а? – такроран пурсид лейтенант Николаев ва аз сумкааш харитаи топографии маҳалларо гирифта, амалиёти кашшофонро муайян намуд. Старшина ҳам сухани ӯро тасдиқ карда, шабона пеш аз ба кашшофӣ рафтан муфассалтар фаҳмонда додани нақшаи кашфро гуфт.
Дар ҳамин вақт, ғайр аз пулемётпарроние, ки паст – паст ба гӯш мерасид, боз болои ҳам таркиши минаю гулӯлаҳо баланд гардид. Лейтенант Николаев аз блиндаж истода бо овози баланд робитачии худро ҷеғ зада, ба ӯ фармуд:
– Нигоҳ кун, минапарронӣ аз кадом тараф?
Робитачӣ берун баромада, баъд аз фурсате баргашта омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо