Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Даст ба корду пиёз, чашм ба Сафар як дам хомӯш нишасту охир ба писараш муроҷиат кард:
– Ҳа, бачем, чӣ шуд?.. Дар осмон чӣ дидӣ, ки ин қадар нигоҳ карда мондӣ?
Сафар баробари шунидани овози модараш ба сӯи ӯ рӯ гардонда гирифту як дам чизе нагуфта, бо чӣ банд будани фикри худро ба хотир овард ва баъд ҷавобан ба модар гуфт:
– Ҳеҷ, ҳамин тавр, хониши мурғонро гӯш мекунам.
– Хониши мурғонро магар акнун шунидастӣ? – боз пурсид модар.
– Ба хаёлам мурғон имрӯз бо авҷи тоза ва форам нағма мекунанд, – гуфт Сафар бо оринҷаш ба болин такя карда.
Модари Сафар аз ин «баҳонаи» фарзандаш ба таври худ хулоса баровард.
– Чор-панҷ рӯз дар Сталинобод гашта, суруди мурғони хушовозамонро ҳам пазмон шудӣ, аз афташ?
Ин сухани модар Сафарро боз ба фикру андешаҳои дигар роҳӣ кард. Ҳамон дам ба сари ӯ чунин фикр омад: «Акнун чор-панҷ рӯз не, балки моҳу сол аз ин манзил дур афтодан, ба ҷои овози мурғакони хушхон ба садои тӯпу туфангҳо одат кардан, ба ивази ин қолину кӯрпача ба замини қоқ дар сармою гармо сина ба замин ниҳода хоб кардан лозим меояд, модарҷон! Дар он вақт ту ду гӯш ба шунидани хабари хуши мағлубшавии душман, ду чашм дар роҳи аскарбачаат шабҳоро рӯз мекунӣ... Ту ҳозир аз ин гапҳо хабардор нестӣ, очаи меҳрубонам!»
– Ба ту чӣ шуд, Сафар? – пурсид модар бо садои изтиробомез. – Имрӯз ин қадар ҳушу хаёлат парешон менамояд?
– Ҳеҷ, ҳушу хаёлам дар ҷояш, оча, камтар монда шудам, ба ту ҳамин хел менамояд. Хотирҷамъ коратро кардан гир, – гуфт Сафар ва яке аз рӯзномаҳои дар паҳлӯяш бударо гирифта ба саҳифаҳои он чашм давонд.

пешина
аз 333
навбатӣ