Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Охир, худи ӯ кӣ, ному насаб дорад ё не? – пурсид модар бо бесабрӣ аз Юнусбобо.
– Номаш ҳам муносиби худаш. Муаллимаи худамон Зебинисо.
– Хайр... Ин тавр гӯед... Духтари худамон будаст-ку,
– гуфт модар бо як хушҳолӣ. – Чанд вақтҳо боз худам ҳам, «ана ҳамин хел келинам бошад» гуфта дар орзу будам. Худаш ҳам Сафар барин бепарда, дар дасти аммааш ятима калом шуд, аз хурдиаш духтари бамаънӣ, ҳушёру кордон аст. Аммааш ҳам зани фақиракак. Хайр, кошки тезтар ба муроду мақсадашон мерасиданд.
Юнусбобо ба гуфтаҳои модар бо диққат гӯш дод ва дар охир боз насиҳатомез ба ӯ муроҷиат кард:
– Ҳа, ана олам гулистон... Акнун аз ману шумо шабу рӯз дуои ҷони ҳамин ҷавонҳоро кардан мемонад.
Илоҳӣ сафари ҳамаи он касон, ки аз хона, ҷой, падару модар, зану фарзанд ҷудо шуда ба хизмати аскарӣ рафтаанд, бехатар бошаду душмани баттоли хонаи ороми моро ноором карда хоку туроб гардад.
– Илоҳӣ омин, – гӯён модар дасташро ба дуо бардошт.
– Хоҳар, коре кунед, ки писаратон ба рӯи шумо нигоҳ карда маъюс нашавад, ба сафараш бо хотири ҷамъ ва дилпурӣ баромада равад. Бовар кунед, ки хурду калони деҳа – ҳамаамон дар гирди саратон парвона шуда, якчанд вақт набудани Сафарро номаълум гузаронда мефиристем.
– Ман чандон ғами танҳо мондани худамро намехӯрам. Лекин ҷони ҷавони бача дар ҷанг ба чӣ хатарҳо дучор мешуда бошад, гуфта ба дилам шайтон ҳар гуна хаёлҳо меоварад.
Юнусбобо ҷавоб дод:
– Шумо ба роҳи шайтон надароед, хоҳар. Хайр, акнун гап ҳамин, – гуфт Бобо хеста рафтанӣ шуда ва Сафарро, ки аз пеши дари ҳавлӣ сулфида меомад, фарёд намуд. Сафар аз пеши дар «ҳозир» гӯён ҷавоб дода буд, ки Бобо боз бо модар гап зад. – Коре кунед, ки писар хафа нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё