Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳам шумо барин рӯзҳои аввал ба худам боварӣ надоштам.
– Роҳи шумо дигар, муаллим.
– Ман гумон мекардам, ки роҳи ману шумо як аст.
– Ба кадом маъно?
– Ба ҳар маъно, ки шумо мехоҳед.
Зебӣ хомӯш монд. Сафар ба ҳар ду рухсораи аз хиҷолат сурхгаштаи ӯ бо диққат нигоҳ кард.
– Раҳмат, агар аз самими дил гуфта бошед, – ҷавоб дод Зебӣ.
– Бовар кунед, аз самими дил.
Ҳамаи гуфтугӯи ғайрирасмии онҳо ба ҳамин тариқ рӯпӯш мегузашт. На Сафар ва на Зебӣ ба кушоду равшан изҳор намудани он орзуе, ки дар дил мепарвариданд, ҷасорат намекарданд. Шарму ҳаё ва дигар андешаҳо ба ин монеъ мешуданд.
Сафар ба ҷавоби Зебӣ миннатдорӣ изҳор карда буд, ки Юнусбобо аз даҳлези мактаб сулфида – сулфида ба пеши дари идора омад.
– Аз афташ ҳоло коратон бисёр, – гуфт Бобо аз пеши дари идора ба дарун надаромада, – боз ягон чойник чой дам карда биёрам?
– Раҳмат Бобо, дигар корамон ҳам намонд, – гуфт Сафар ба тарафи Бобо се-чор қадам пештар рафта.
– Ҳозир меравем, – илова кард Зебӣ дар тараддуди рафтан коғазҳои дар рӯи миз бударо ғундошта.
– Набошад, ҳамаи кор батартиб гӯед? – гуфт Бобо ба Сафар.
– Ҳа, метавонед акнун муаллимаро директор номед,
– ҷавоб дод Сафар.
– Ҳа, ҳа, дарвоқеъ. Олам гулистон, муборак бошад, духтарам.
– Не,не, директор худашон, ман, ҳамин тавр, муваққат, то баргашта омадани муаллим, – гӯён Зебӣ эътироз баён кард.
– Неяш чӣ. Аз ин тараф фармон, аз ин тараф нофармонӣ намешавад, духтарам! – гуфт бо хушҳолӣ Бобо.
Ҳар се хандиданд.
Юнусбобо рӯзи рафтани Сафарро пурсид, ба вай хабар дод, ки:

пешина
аз 333
навбатӣ