Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сухани онҳоро чапакзании ҳозирон бурид. Ба саҳнаи бошишгоҳ раиси Совети қишлоқ Шодмонов, раиси колхози «Коммуна» акои Олим, котиби ташкилоти партиявии колхоз Одил Саркор, инструктори комитети ноҳиявии партия Норзода, Сафар ва ду-се нафар аз йигитҳои ба аскарӣ даъватшуда баромаданд.
– Рафиқони азиз, – гуфт акои Олим баъд аз хомӯш шудани чапакзанӣ, – имрӯз якчанд нафар ҷавонони деҳаи мо ба аскарӣ мераванд. Мою шумо ба ин ҷо барои он ҷамъ омадем, ки бо ин писарону додарони худамон хушбошӣ кунем, ба онҳо роҳи сафед орзу намуда, супорем, ки дар аскарӣ нағз хизмат кунанд, лоиқи номи ҷавонмарди ҳисорӣ ба фарқи фашистҳо паҳлавонона зарба зада, аз душманони Ватанамон сахт қасос гиранд.Мо – додару бародар, модару падарҳо бошем, дар кори колхоз аз пештара ҳам зиёдтар ғайрат мекунем, аз сидқи дил кор карда, ҳамаи планҳоро аз мӯҳлат пештар сад фоиз иҷро мекунем. Чӣ гуфтед рафиқон? – гуфт раис ва ба ҳозирон саволомез нигоҳ кард. Ҳамон дам аз толор «Рост, рост, гапи ҳақро гуфтед, раис» – гӯён аз ҳар ҷо садоҳо баланд шуданд.
Баъд аз раис суханро инструктори комитети ноҳиявии партия Норзода гирифт.
Дар пеши саҳна марди ҷавони миёнақади пӯсти дасту рӯяш дар офтоб сиёҳшуда ҳозир шуд. Вай чашмони калон – калони сермижа дошт, ки онҳо ба одам ҷозибадор нигоҳ мекарданд. Лабҳои тунукаш ба табассум моил менамуданд. Вай пеш аз сар кардани сухан тугмаи болоии гимнастёркаашрро кушоду ба ҳозирон маънидор нигоҳ карда ба гап даромад.
Норзодаро ҳама хомӯш, бо диққати том гӯш мекарданд. Суханони вазнин, бурро ва содаи ӯ ба ҳозирон фаҳмо мерасид. Пас аз он ки дар бораи вазъияти фронт, аҳволи байналхалқӣ ва дохилии мамлакат мухтасар гап зад, вай ба колхозчиён муроҷиат карда гуфт:
– Писарони шумо ва мисли инҳо боз ҳазорон фарзандони халқи мо имрӯзҳо бо даъвати Ватан ба ҷанг рафта истодаандл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё