Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Акнун ба онҳо ба ҷои ин ғоибон ҳам се-чор каланди иловагӣ задан лозим меомад.
Деҳаи Ҷӯйбор ҳам ҳамин хел, дар ин рӯзҳо саросар ба маъракаи киштукор банд буд. Ҳама ба сари саҳро баромада, ғами ҳосили ояндаро мехӯрданд. Дар деҳа ғайр аз мактаббачагон, муаллимон, коркунони идоранишини колхозу шӯрои деҳа дигаронро пайдо кардан душвор буд. Бинобар ин ҳам, ҳангоме ки Сафар дар гашти рӯз бо қисми худ аз деҳа гузашта ба сӯи доманаҳои кӯҳҳои Ҳисор ба машқи ҷангӣ мерафт, ғайр аз якчанд нафар талабагон, занони бачадор ва Мирбадал дигар касеро дида наметавонист.
Қисми полковник Тополев ин рӯзҳо машқҳои ҳаҷман калони тактикии якчандрӯза мегузаронд.
Шаби чоруми ҳамин машқи ҷангӣ қисм дар бозгашт дар деҳаи Ҷӯйбор қарор гирифт. Дар ин ҷо ба ҷанговарон истироҳати шабона дода шуд. Аҳолии деҳа ҷанговарони худро оғӯш кушода, бо хушу хурсандӣ пешвоз мегирифтанд. Барои онҳо дари ҳар як хона меҳмоннавозона кушода буд.
Сафар ва фармонднҳии ротаи ӯ лейтенант Осмухин аввал дар хонаи худи Сафар ва баъд дар хонаи Юнусбобо низ меҳмон шуданд.
– Кӯрпачаро ғундошта монед, аз ин либосҳои чангу лойолуд чиркин мешавад, – мегуфт лейтенант Осмухин ба модари Сафар дар вақти пешвозгирии вай.
– Оҳ, писарам, магар кӯрпача аз шумо қиматтар аст? Одам ғанимат, одам, ҷони ширин... Баҳузур ёзида нишастан гиред, чиркин шавад, ҳеҷ боке не, – бо илтифоту меҳрубонӣ ҷавоб медод Умрихола суханҳои Осмухинро ба воситаи писараш фаҳмида.
– Кори кишт чӣ тавр, оча? – пурсид Сафар.
– Пири кордон Юнусбобо, ки сардори бригадаамон ҳастанд, кори кишт бад намешавад.
– Боз номи маро гирифта чӣ ғайбат карда истодаед, кампир? – гӯён Юнусбобо аз дар даромада омад. Вай аз дур ба тарафи Сафар оғӯш кушода омада, ӯро бо меҳрубонӣ ба синаи худ зер кард.
– Дар он ҷое ки Юнусбобо ҳастанд, кор ҳамеша пешрав мегӯянд, очаам, – пас аз мулоқот ҷавоб дод Сафар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё