Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар изҳори миннатдорӣ карда, баъд аз Юнусбобо пурсид:
– Умуман кори бригадаатон чӣ хел, Бобо?
– Росташро гӯям, писарам, имрӯз миёни кор лағад хӯрд, – оҳиста оҳ кашид Юнусбобо дастархонро аз дасти Умрихола гирифта ва онро ба миёна кушода партофт.
– Чӣ шуд? – пурсид Сафар. Дигарҳо ҳам ба даҳони Юнусбобо нигоҳ карда монданд.
– Баъди чанд рӯзи интизорӣ фақат ҳамин гашти пешин ба замини мо трактор даромада буд. Бечора тракторчизан то ҳоло ба обу арақ ғӯтида дар атрофи трактор чақида ҳеҷ не, ки дуруст кунад.
Ин гапро Сафар ба Осмухин фаҳмонд. Вай ҳамон дам хоҳиши ба сари трактор рафтанро кард. Аммо Юнусбобо ва Умрихола нагузоштанд, ки вай хӯрок нахӯрда равад. Осмухин аз Юнусбобо пурсид:
– Чӣ хел трактор?
– СТЗ мегӯянд.
– СТЗ бошад, моли заводи мо будааст, ғам нахӯред, Бобо, нисфи шаб бошад ҳам, рафта дуруст мекунем.
– Кадом заводи шумо? – пурсид бо тааҷҷуб Бобо.
Яъне заводи тракторсозии Сталинград. Ман то рӯзи сар шудани ҷанг дар ҳамон ҷо кор мекардам. Худам ҳам аз наздикии Сталинград мешавам.
– Ин тавр бошад, олам гулистон, додарам.
– Албатта, дар болои трактор одами камтаҷриба бошад, кор кардани ӯ мушкилтар. Ба болои ин ҳозир замони ҷанг, қисмҳои эҳтиётӣ ҳам ба қадри даркорӣ ёфт намешаванд, – гуфт Осмухин.
– Ин мушкилиҳои мо дар пеши мушкилиҳои майдони ҷанг ҳеҷ аст, писар. Коре карда, ҳар азобу сахтӣ ба сарамон ояд ҳам, шамшери шумоён бурро бошаду зудтар душманро нест карда сиҳат саломат баргардетон.
Модари Сафар меҳмонони худро бо ҳар чизе ки дар бисот дошт, зиёфат кард. Осмухин гашта – баргашта ба Умрихола ташаккуру миннатдорӣ хонда, дар охир чӣ хел бо ӯ дар кӯчаи Сталинобод, дар аснои ба казарма баргашта истодани рота вохӯрдани худро нақл карда механдид.

пешина
аз 333
навбатӣ