Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
ки бо кадом як қисми трактор овора буд, пурсид:
– Ҳа, хоҳар, чӣ гап?
– Дида истодаӣ-ку чӣ гап, – тракторчизан аз зери трактор бо овози нимхиррии шамолхӯрдааш дағалона ҷавоб дод.
– Қаҳрат наояд, хоҳар, мо ғайр аз ҳолпурсӣ ёрӣ ҳам дода метавонем. – Ба қарибии тракторчизан рафта диккак нишаста гуфт Осмухин.
– Ту худат кистӣ?
– Ҳамкасби ту.
Сафар ва Юнусбобо ба назди онҳо расида омаданд.
– Ҳа, Марямхон, қариб соз шуд? – пурсид Бобо аз тракторчизан, ки номаш Маруся буда, дар байни колхозчиён Марям ном гирифта буд.
– Не ҳанӯз, – ҷавоб дод Маруся ба забони тоҷикӣ.
– Мана ин рафиқ лейтенант устои ҳамин трактор будааст, як ин сӯ – он сӯяшро нишон деҳ канӣ.
Маруся, баъд аз тавсияи Юнусбобо аз таги трактор берун баромада, узромез дастони мазутолуди худро ба Осмухин дароз кард. Осмухин ҳам дасти Марияро самимона фишурду баъд ба гапи ӯ гӯш дода, харидори асп барин, гирдогирди трактор гашта, гоҳ ба мотор, гоҳ ба рулу тормозҳои ӯ даст зада дид.
– Ин СТЗ дар вақти дар завод будани ман бароварда шудааст, – гуфт Осмухин рақам ва санаи дар як тунукаи мураббаъшакл навишташудаи онро дар рӯшноии гӯгирд дида, аз Марям пурсид, – клапанҳо кор мекунанд?
– Ҳозир санҷидам, кор мекард.
– Моторро чарх занонед канӣ? – гуфт Осмухин ба болои трактор баромада. Мария бо дастаи оҳанин моторро чарх дод. Мотор дамдеҳи челонгар барин фишшас мезаду кор намекард. Осмухин аз болои трактор фуромада худаш дастаи моторро тоб дода ба фашшаскунии мотор гӯш дод ва дарҳол гуфт:
– Аз афташ свечаҳоро чирк зер кардааст, кушода дидан лозим.
Вай гимнастёркаашро кашиду бо ҳамроҳии Мария ба кушода дидани свечаҳо шурӯъ кард. Сафар ва Юнусбобо аз ду тараф ба кори онҳо бо машъали мазутин равшанӣ медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё