Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар бори пой ниҳодани онҳо дар рӯи замини мулоим аз ду ҷуфт мӯзаи солдатӣ ва як ҷуфт чоруқи корӣ изи калон мемонд. Ба Осмухин ҳавои беғубор ва оғӯши васеи саҳрои колхозӣ нашъаи тоза мебахшид ва ӯ синаашро пур карда – пур карда нафас мегирифт.
– Ҳозир ба ин замини шумоён пой ниҳода, саҳроҳои бепоёни диёрам ба хотир омад.
Онҳо ба сари кӯчаи сангфарш баромада буданд, ки аз маркази деҳа ба сӯи онҳо чароғи мошини сабукраве шӯъла афканд.
– Мошини полковник будагист, – гуфт Осмухин ва қадаммониро тез кард. Машина дар рӯ ба рӯи онҳо омада истод. Аз дари вай полковник Тополев, комиссар Калонзода ва боз як марди қадбаланд, ки дар бар либосҳои генералӣ дошт, берун омаданд.
– Дар ин бевақтӣ чӣ кор карда гаштед? – пурсид полковник Тополев ба наздиктари Осмухин омада.
Осмухин аз кори кардаи худ ҳисобот дод. Сухани ӯро Юнусбобо ҳам тасдиқ карда, боз миннатдорӣ баён кард. Комиссар ба ин ташаббуси Осмухин таҳсин хонд.
– Лейтенанти сталинградӣ ҳамин кас, рафиқ генерал
– лейтенант, – гуфта полковник Тополев Осмухинро ба намояндаи Фармондеҳии Олӣ тавсия намуд.
Осмухин боз худашро ба генерал шиносонд. Генерал ба ӯ даст дода вохӯрдӣ кард.
– Бисёр хуб, рафиқ Осмухин. Коратон чӣ тавр?
– Бад нест, рафиқ генерал – лейтенант, фақат мунтазири фронтравӣ ҳастем.
– Танҳо худи шумо мунтазиред ва ё ҷанговарон ҳам?
– Ҳамаамон, рафиқ генерал, ҳозир фармон шавад, ҳамон дам ба по мехезем.
– Дидам, – гуфт генерал, – хеле пухта шудаед, – ва боз барои хайрухуш даст дароз карда илова намуд, – бисёр хуб, мунтазири фармон бошед, дере нагузашта ба ҷанг медароед.
– Итоат, рафиқ генерал, мо тайёрем.
Полковник Тополев ба вай боз ду-се супориши дигар дод ва баъд ҳар се ба машина нишаста ба роҳ даромаданд.

пешина
аз 333
навбатӣ