Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар байни дандонҳо, дар канораҳои комаш боқимондаи нон ва пӯсти помидор часпида мехобид. «Кӯдак барин, гуфт дар дилаш. Нон хоида, хобам бурдааст». Термоси Нурро ба даст гирифт, ки об пур аст. Ба даҳанаш об гирифта, ғарғара карда партофт. Сонӣ аз оби тозаю сард муддаои табъ нӯшиду аз ҷояш бархост. Алексей нӯги дигари танобро ба миёнаш баста, дар канори варта, дар ҷое ки Саидбек ин шабро дар миёни ҳаёту мамот гузаронида буд, сангтӯдаҳоро такурӯ мекард. Баробари ҳар як ҳаракати Новиков тӯда-тӯда сангҳои хурду калон, сели сангрезаҳо шақарросзанон меғелиданд ва абри занг муддате дар гирди Алексей чарх зада, баъд ба рӯи наҳр менишаст.
– Ягон чизи ноҷунбони устувор нест ин ҷо, – фарёдкунон мегуфт Алексей.
– Хайр, биё, бас. Набошад – набудааст. Биё, гуфтам, бас, Алеша, – аз боло ҷавоб медод Нур. – Вақти фаромаданат санги бисёр рехта буд. Бошад ҳам, дар так мондагист.
– Ба ту малол омада бошад, нӯги таноба ҳо ана ба вай дарахт банд, – бо зарда гуфт Новиков.
Нур хомӯш монд. Новиков ба тафтиш машғул аст, аз дил гузаронид Саидбек. Барои чӣ? Пас аз чанд дақиқа Новиков ба арақ ғӯтида боло баромад ва аз паҳлӯи Саидбек гузашту ба ғундошта даста кардани таноб машғул шуд.
– Алёша, салом! – гуфт Саидбек гилаомез чун дид, ки ӯ ҳатто саломуалек карданӣ нест.
– Салом, қаҳрамон, салом, – гуфт Новиков. Фақат қаҳру итоб ва кинояи талх ҳис мешуд аз оҳанги саломаш. Пас рӯ ба дигар тараф гардонида, бо истеҳзо илова намуд: – Қаҳрамони даврони мо!
Боиси хашми ӯ равшан буд. Се маротиба дар хусуси муносибати шубҳаноки Давид ба ӯ, ба бригадаи онҳо батафсил сӯҳбат карда буд. Новиков исрор мекард, ки ягон чора бояд андешид. Чунин муомиларо дидаву дониста муросо кардан чӣ маъно дорад?
– Фақат як маъно дорад, он ҳам аблаҳист! – сахт карда гуфта буд боре.
Ҳоло Навиков тасмаи кӯлбори Саидбекро аз китф гузаронида пешо-пеши он мерафт. Нур аз қафо меомад ва дар ҷоҳои танги пайраҳа наздиктар расида, аз бозуи Саидбек медошт.

пешина
аз 248
навбатӣ