Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шукронаи ин тасодуфро гуфта, барои худ бояд ҷой тоза кард. Дигар ҷои шак нест, шаб ин ҷо мемонад.
Ҳм, «шаб ин ҷо мемонам» гуфтанаш ба паймони меҳмоне монанд аст, ки ба хотири навозишкориҳои мизбони кушодарӯи саховатманде ба мондан розӣ шудааст. Гӯё дар хонаи гарм, дар бистари нарм, бо шиками сер ва хотири ҷамъ мемонад.
Дилаш сигор кашидан хост, аммо дарҳол аз фикраш гузашт, ки ба гумон аст, ки ин кор ба ӯ муяссар шавад. Модом ки сарулибосаш ба ин дараҷа хароб гаштааст, ҳатто банди маҳками соат гусаста барафтодааст, сигору гӯгирд дар ғилофакҳои нозуки коғазин бутун мемонад? Оҳиста даст ба кисаи сарисинагии комбинезонаш бурда, аз боло палмосид, пас ангуштонашро ба киса даровард. Аз гӯгирд нишоне набуд, сигору халтачааш баробар ҷиғда-ҷиғда шуда, ба як каф талқони қаҳваранг табдил ёфта буд. Саидбек аз он талқон як пучак гирифта, ба таки забонаш партофт. Ку, аз ин таҷриба чӣ натиҷа хоҳад баромад? Одамон тамокуро ба бинӣ кашида, атса мезананд ва хуморашонро ба ҳамин тариқа мешикананд. Тоифае нос мекашанд.
Тамоку даҳонашро сӯзонид, қариб буд, ки оби тунди он ба гулӯяш равад. Саидбек дарҳол тамокуро туф карда, худро сарзаниш намуд, ки ҳамин қадар сол ибрат ва андарзҳои бобояш Сангинбекро дар ёд дошта, дар табиати худ сабру бардошт мепарварид ва акнун, ки маҳз мавриди тоқату шикебоист, ин тавр сабукборӣ кард. Ин дам бобояш, риши паҳни сап-сафеди ӯ, чеҳраи ба табассум моил, чашмони нигоҳашон ҳам меҳрбор, ҳам андаке гилаомези ӯ пеши назараш омад. «Тоқат бояд кард», – бори дигар ба худ таъкид намуд Саидбек.
Акнун ба ёдаш расид, ки кӯлбораш ҳам гум шудааст. Ё дар ҳамон ҷо, дар боло аз китф афтода, дар миёни сангу буттаҳо андармон гаштааст ё баъдтар ҳангоми чандин маротиба ғел задан аз пушташ ҷудо шуда, аз пайкари худаш тезтару пештар ғелида ба партгоҳ рафтааст. Хайр, дар кӯлбор ба ғайр аз пармаи дастӣ, болға ва як лӯнда таноби дурушти кӯҳнавардон дигар чизе набуд. Лекин дар кисаяки беруниаш як каф ириси «Калидаки заррин» мехобид, ки Райҳон барои дадаҷонаш андохтааст.

пешина
аз 248
навбатӣ