Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳақ ба ҳақдор мерасад, ном ба номдор.
Дар қишлоқ чӣ илоҷ кардан мумкин? Пирамард сад бор гуфт, ки Хиёбони Абдувоҳид нагӯед. Таъсир намекунад, боз мегӯянд, ҳатто ба ҳуҷҷатҳошон менависанд. «Магазин дар самти чапи Хиёбони Абдувоҳид, дар паҳлуи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохта шавад» – навиштаанд дар қарори дина хондаашон. Қарори идораи ҷамъияти матлубот, аз афти кор. Ҳа, ҳамту, чаро ки соҳиб ва созандаи магазину ошхонаю чойхона дар қишлоқҳо ҳамин идора.
То алҳол касе нагуфтааст ва, эҳтимол, гумон ҳам накардааст, ки Абдувоҳид-амак ба ивази чанд болори барои бемору бенавоён рӯзҳои сахт ҳезумшудааш як ҳиёбони бузургро ба номи худ гузаронидааст. Рост, касе нагуфтааст. Лекин гуфтан шарт аст? Худи Абдувоҳид-ака магар дил надорад? Ҳар дафъае ки номашро аз паси калимаи «хиёбон»
мешунавад, баданаш тасфида меравад, гумон мекунад, ки моли ятими бесаробонеро дар рӯзи равшан зӯран соҳибӣ карда бошад. Охир, ваю Нодир дӯст буданд, мисли додару бародар буданд.
Ғалатӣ, ки хотири Нодирро ҳама пос медоранду лекин дар масъалаи ба ягон ҷой сабт кардани номи ӯ доимо монеае пеш меояд. Панҷ сол қабл ба деҳаҳои калону обод таассуб карда, дар паҳлӯи Хиёбони Нодир барои шаҳидони ҷанг, ки аз ҳамин деҳа ба фронт рафтаанд, ҳайкали ёдгорӣ сохтанд. Дар болои тахтасанги мармар аввал номи писари калонии Абдувоҳид-амакро навиштанд. Вай ба ин эътироз накардааст, чаро ки меарзад. Писари вай дар қатори ордену медалҳои дигар се ордени «Шӯҳрат» гирифта буд. Ин шараф аз эътибори унвони қаҳрамонӣ камӣ надорад. Аммо номи Нодирро фаъолони ҳамонвақта ба он рӯихат илова кардан нахостанд.
Абдувоҳид-амак ба ҳар касе ки муроҷиат накунад, як хел ҷавоб мешунид:
– Гапатон дуруст, амак. Лекин дар ин ҷо як нозукӣ ҳаст.
Дар лавҳа аз рӯи қоида номи шаҳидони дар майдони ҷанг ҳалокшударо менависанд.
– Нодир аз ҷароҳати ҷанг ҳалок шуд. Ӯро ароба зер карда накуштааст. Шушаш сӯрох-сӯрох буд. Гурдааш ҳам мову шумо барин як ҷуфт нею як тоқа монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё