Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳаштод ҳазор! Он ҷо як вақтҳо Франсия бомбаи атомиашро месанҷид. Боре шиддати радиатсия, хӯӯш, ба яксаду панҷоҳу чор ҳазор рентген расид. Каждум боз зинда монд. Мулоҳиза кунед, духтур, каждум зинда монд!..
Наққош баъд сӯи институт роҳравон фикр мекард, ки чаро ин мардак маҳз ҳамин ду ҷонвари нафратангезро мисол овард? Сонӣ аз таҷрибаи дувоздаҳсолаи кораш мисолҳои бисёреро ба ёд оварда, худ ба худ таббассум кард.
Ҳоло хотири духтур андак мушавваш аст. Аз ишораҳои нимғурмаи ҳамкорон пай бурд, ки мудири шӯъба имрӯз ҳам дар маҷлиси мухтасари назди сардухтур аз кордории ӯ шиква кардааст. «Суръат Наққош шабҳо дар клиника монда, ҳамаро бесаранҷом мекунад. Шогирдону ёрдамчиёнаш бисёр равуо, даробаро карда, тартибро халалдор мекунанд...».
Тавба, равуои онҳо ба тартиби дардмандон чӣ тавр халал мерасонидааст? Ҳариф айб наёбад, думи кучукат каҷ мегуфтааст. Ҳамаи ин аз нотавонбинӣ. Наққош ҳар моҳ якду касали ғайриоддӣ, ба истилоҳи худашон, касали аз ҷиҳати ташхис мураккабро муолиҷа карда, ба ҳаёти мӯътадил бармегардонад. Барои ин, чунон ки ҳоло бо ин зани бемор мекунад, назорати доимӣ ҷорӣ кардан, шабҳои бехобӣ кашидан, тадқиқоти гуногун гузаронидан лозим меояд. Ин ба замми дардмандони муқаррарӣ, ки ба касалиҳои «маъмул» гирифтор шудаанд.
Духтурони ҷавон, ҳамшира ва санитарҳо натиҷаи кори ӯро бо мудири худ, ки дар айни замон ба муолиҷаи аҳли як палатаи чаҳоркаса мутасаддист, муқоиса мекунанд.
Натиҷаи ана ҳамин муқоиса ба фоидаи мудири мӯҳтарам нест.
Хайр, охир, дасти ӯро кӣ доштааст? Бигузор тадқиқот гузаронад, шабҳо биояду хобашро ҳаром кунад, шогирдону ёрдамчиёнашро аз пасаш кашола карда гардад.
Не, эшонро фақат ба гап монанд. Суханҳои пуртантанаи тумтароқ.
– Олами асаб, ҳамкасбони арҷманд, олами ба назар ноаёни пурасрорест. Бале, вай то имрӯз саросар пур аз асрори кашфношуда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё