Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Афсӯс, ки ҳоҷат ба кӯфтан ҳам нест, ҷони казоӣ надорад. Не, аз кабинеташ кашолакунон ба зинаи фарохи даромадгоҳ баровардан лозим. Дар ҳамон ҷо чӣ махлуқе будани ӯро дар пеши мардум ошкоро гуфтан даркор. Ана баъди ин агар тавба накунад, ба таки манаҳаш мефарорад, ки ба фарши зина нақш бандад. Ба ҳамон фарши бетонии оина барин ялтосӣ. Не, беҳтараш, озод мебардораду аз болои зина ба замин меандозад, бар оби чиркини ҷӯи чиркине, ки партови нафтолуди чоҳи мошиншӯяки гараж ҷорӣ шуда, ба тарафи ҳавзи равғанполо меравад...
Агар ҷон ба саломат барам...
Рӯз ба анҷомаш мерасид. Баландтарин қуллаи кӯҳи Арча ҳанӯз аз партави офтоб заррин метофт. Саидбек муддате ба рангҳои мухталифи он – аз зарди норинҷитоб то кабуди нофармон – нигоҳ дӯхта, пай бурд, ки офтоб домани худро аз он ҷой низ ноаён мекашад.
Панҷаи хунолудашро бо азияте ёзонид, пиёла барин санги ба ронаш халида хобидаро бардошт ва то ба чое ки даст мерасид, ҳар чи дуртар бурда, болои сангреза гузошт. Аз болояш андаке фишор оварда, сангро устувортар ҷойгир намуд. Сипас муште аз сангчаҳои наздики ронашро гирифта, дар паҳлӯи он санг бирехт ва онҳоро бо эҳтиёт чунбонида-ҷунбонида, хубтар ҷойгир кунонид. Ба таври худ, шибба намуд. Вай дигар дардро фаромӯш карда, ҳамин корашро идома медод. Ҷои тозае ки санг мекӯчонид, агар аз миён поён ё баробари миён бошад, бо кафи даст аз боло фишор оварда, онҳоро ба ҳам ҷафстар ҷойгир менамуд, аз миён боло бошад, ин корро бо пушти даст анҷом медод.
Дигар дар баландтарини қуллаҳо низ нури офтоб намонда буд. Саидбек мехост ҳанӯз торикӣ нафаромада, такягоҳи пояшро ақаллан як назар бинад, то ба қадри ҳол муайян карда тавонад, то ки чӣ андоза ба вай умеди наҷот ё мадад метавон баст, то чи андоза такя метавон кард. Нимхез шуда, нигоҳ карданро албатта ҳатто ба гӯшаи хаёл ҳам намеорад:
ҳамин ки сар аз ҷогаҳи сангин бардошт, анбӯҳи сангрезаи ба сару китфаш танбазада ба ҷунбиш хоҳад омад ва он гоҳ маълум нахоҳад буд, ки ин сангрез то чанд муддат идома хоҳад ёфт ва то ба чӣ натиҷае хоҳад расонид.

пешина
аз 248
навбатӣ