Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳа, маҳз рӯи ҳамон кати васеи нарм, ки ӯ дуқат шуда аз магазини мебел оварда буд ва то дами аз дарҳои танги квартираи нав гузаронида, ба хонаи хоб дароварда ҷойгир кунонидан шири аз модар хурдааш ба даҳон омада буд. Ба ӯ лаҳзае чунон намуд, ки пичирроси хандаомез ва нолиши масруронаи зан ба гӯшаш даромад...
Ӯ либоси худро чала пӯшида, ба сари роҳи калон шитобид. Бомдодон ба шаҳр расид. Ба тақ-тақи ӯ занаш ба зудӣ дарро накушод. Гӯё овози шавҳари худро намешинохта бошад, такрор-такрор «Кист?» гуфта мепурсид. Мард медонист, ки ҳамаи ин мусоҳилакорӣ тақали оддист, найранги куҳани соддалавҳонаест ва зоҳиран барои он лозим аст, ки ошиқ фурсат дошта бошад, то аз тиреза баромада бигурезад.
Пурсишу истинтоқ ҳамаи шаб давом кард, аммо натиҷае набахшид. Рӯзи дигар ҳамсоя қаду бари тирезаҳояшро чен карда, ба оҳангар панҷараи пӯлодин фармуд.

3 Наққош аз шӯъбаи милитсия мебаромад, ки аз рӯ ба рӯяш Хосиятхон пайдо шуд.
– Бахайр? Чӣ гапи тоза?
– Ҳеҷ. Пурсиш давом мекунад.
– Ва шумо парвое надоред?
– Ман чӣ кунам? Милитсия ташкилоти давлатӣ, дар ихтиёри ман нест.
– Ман ҳам ҳаминро гуфта истодаам, ки шумо аз ҳамаи ин доругир парвое надоред.
– Азизам, ман бепарво нестам. Лекин, охир, олами хаёлоти ҳамсояамон, ростӣ, хеле аҷоиб.
– Туф кардам ман ба олами хаёлоти ҳамсояи шумо.
Фаҳмидед, тадқиқотчии мӯҳтарам? Оё ба мийяи шумо андешае ташриф нафармудааст, ки олами ғариби хаёлоти ҳамсояатон ба номуси оилаи мо иснод меорад?
– Рост. Ин ҳодиса, аз як тараф, бисёр ғамангез.
– «Аз як тараф»... «Аз тарафи дигар...» – тамасхуромез ва хашмолуд гуфт Хосият.

пешина
аз 248
навбатӣ