Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зану шавҳар ба хонаашон меҳмон даъват мекунанд. Ҳар ду ошёнаи хона – пур аз меҳмон. Мария Грация як даста мардонро барои машғулоте ба болохона таклиф мекунад.
Андрео дар поён, назди меҳмонони дигар монда, ба хаёлоти рангини худ банд мешавад: ӯ баръало пеши назар мебинад, ки занаш дар хонаи хобашон рӯи бистари ороста мерақсаду мардҳои бегона бо нигоҳи чашмони аз оташи ваҷд ва шаҳват дурахшандаашон пайкари ӯро гӯё мепалмосанд. Тани бараҳнаи занро фақат як шадда тасмаи ҳарир аз назарҳо нимниҳон медорад. Ҳар кадом тасма рақаме дорад ва ба ресмоне ҳамел аст. Мардҳо бо навбат қуръа мепартоянд ва ҳар рақаме ки баромад, Мария тасмаи ҳамон рақамро аз танаш канда, ба он мард тақдим мекунад. Дар бадани Мария торафт камтар тасма боқӣ мемонад, ӯ қариб тамом бараҳна мешавад, аммо бозӣ торафт авҷ мегирад. Мария рӯи бистари мурассаъ бо карашма мерақсад...
Боз тамошобин мефаҳмад, ки ҳамаи ин манзара дар воқеъ ба амал наомада, балки маҳсули хаёли шавҳари бадгумон будааст.
Рӯзе Андрео рустӣ аппарати майдаяки телефон харида оварда, дар хона ба сим васл мекунад. Ҳар боре ки занги телефон баланд шуд, ӯ низ пеши аппарати пинҳонӣ рафта, ба гуфтугӯ гӯш медиҳад. Аммо ягон чизи шубҳаангез намешунавад. Фақат боре бо соҳиби овози мардона мулоқот таъин кардани занашро шунида, дар кодоки либосовезак пинҳон мешавад. Дере нагузашта, соҳиби овоз меояд, вале маълум мешавад, ки вай роҳибаи солхӯрдае будаасту садои ғафси мардона доштааст.
Бо вуҷуди он ки Андрео барои тасдиқи гумони ғашовари худ далеле ёфта наметавонад, мунозираю мубоҳисаи зану шавҳар тадриҷан ба ҷанҷолу хархаша рафта мерасад ва охир ҳам Мария Грация ароз карда, ба хонаи падар меравад. Андреои аз карда пушаймон аз шиддати ғаму ғусса инони ихтиёр аз даст дода, савори автомобил худро ба деворе зада маҷрӯҳ мекунад.
Рӯзҳои рӯи бистар хобиданаш гуфтугӯи Марияи бозгаштаро бо як ҷавони зебое, ки зуд-зуд мулоқот мекарданд ва мисли хоҳару додар муносибати беғаш доштанд, аз телефони рустиаш шунида, дигар эътимоди кулл ҳосил мекунад, ки завҷааш зани боисмату нанг аст.

пешина
аз 248
навбатӣ