Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

овард Вакил ва гуфт:
– Агар дар китобе мехондам, ки ҳангоми шиносоӣ яке аз ду нафар номи худро бо як ҳарф ишора мекунад, бовар намекардам.
– Аммо ин амри воқеъ аст. Хоҳед-нахоҳед, бовар мекунед.
Вакил бо ҳисси андаке рашкомез ба худ гуфт, ки ин ҷавонзан дар фазилат, сухандонӣ аз ӯ, зоҳиран, бартарӣ дорад. Ва бори нахуст аз дил гузаронид, ки агар ё тақдир ё тадбире мусоидат кунаду ӯро ба оғӯш бигирад, ба тасарруф дарорад, ин афзалияти ӯ дигар аз байн хоҳад рафт. Ва ӯ сонияе ӯро дар оғӯши худ дид ва тасаввур намуд, ки рӯи даст бардошта ба куҷое мебарад.
... Филме, ки ба тамошояш даромаданд, фач, ҳатто як андоза гоҷ ҳам буд. Онҳо қарор доданд, ки дигар ба кино надароянд. Вакил таклиф намуд, ки ба ресторан бираванд.
– Не, – гуфт.
– Пас ба ягон қаҳвахона биравем?
– Қаҳвахонаҳо ҳам шабона ресторан мешаванд.
– Шумо аз ресторан қимобед?
– Намедонам, боре нарафтаам.
Вакил малӯл шуд. Намедонист, ки дигар чӣ таклифе пешниҳод кунад. Дар айни замон аз ӯ чудо шудан ҳам намехост.
Дар дилаш майле қувват мегирифт, ки бо ин ҷавонзан бошад. «Афсӯс, ки якраҳа будааст. Ба ӯ гап гузаронидан осон нест», – фикр мекард ба худ.
– Чаро шумо ба ресторанравӣ ин қадар исрор мекунед?
– Бовар кунед: на барои шаробнӯшӣ ё мусиқӣ шунидан.
Гуруснаам, – гуфт Вакил.
– Дар хонаатон таом напухтаанд? – ҳатто ба сӯи Вакил нигоҳ накарда лоуболона пурсид Н.
– Он ҷо касе нест.
Дақиқае хомӯш буданд.
– Агар ба ростӣ гурусна бошед, метавонам шуморо ба хона таклиф кунам.
– Кошкӣ.
Роҳравон аз ину он сӯҳбат мекарданд. Дар зимни гуфтугӯ Вакил оид ба муносибаташ ба ин ҷавонзан мулоҳиза мекард.

пешина
аз 248
навбатӣ