Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ёдаш расид, ки то ҳоло ӯ ба аҳди худ содиқ буд. Аммо ӯ ин хаёлҳоро ҳам бо зӯр аз худ дур ронд ва дар дилаш тасаллиомез гуфт: «Дигарон ҳам маъшуқа доранд».

9 Боре Вакил дар хонаи Н. хеле дер монд ва қариб саҳар ба хонаи худ равон шуд. Ширакайф буд ва парвои олам надошт. Ба хаёлаш чунин мерасид, ки зиндагонии ӯ акнун ба ҳамон тарзе ки худ аз худ ҷараён гирифтаасту ин тарз ба ӯ хеле маъқул афтодааст, боз идома хоҳад ёфт. Солҳо, даҳсолаҳои минбаъда ба назараш чун силсилаи бениҳояти рӯзҳои пурнуру пурсурур менамуданд ва осмони фардои ӯ аз абрҳои ғусса, аз гарду ғубор озод буд.
Аз тарафи кӯча ва баъд аз даруни ҳавлӣ ба тирезаҳо чашм давонид. Ҳамаи чароғҳо хомӯш буданд. Оҳиста бо калиди худ дарро кушода ба хона даромад.
Занаш дар хонаи хоб набуд. Дар ошхонаи торик рӯи курсие менишаст.
– Шоҳида, чаро дар хонаи торикӣ нишастаӣ?
– Ҳама ҷой торик.
– Ҳм. Ман гуфтаниам, ки чаро хоб накардаӣ?
– Туро интизор будам. Гап дорам.
– Кошкӣ, азизам, марҳамат. Гӯшу ҳуши ман ба ту, – ширинкорона лаққида, худро аз вазъияти нобоб вораҳонидан мехост Вакил.
– Вақти ширинкорӣ гузаштааст. Агар ба ту оила лозим набошад, касе ба поят ишкел намешавад.
– Шоҳида, чиҳо мегӯӣ?
Вакил нохост ҳушёр шуд. Ӯ бори нахуст тамоми ҷиддияти кирдори худро аён дарк мекард.
– Лекин дониста мон, мардак: пушаймон мешавӣ охир.
Вакил тасалло медод, ҳамаи ҳунарашро ба кор бурда, суханҳои таскиномез мегуфт ва дар айни ҳол дар дил қасам ёд мекард, ки «Тамом. Дигар ба остонаи хонаи ӯ қадам намемомам». Аммо дар ҷавоби панду насиҳати ӯ занаш як зайл такрор мекард:
– Пушаймон мешавӣ, мардак.

пешина
аз 248
навбатӣ