Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре Вакил фурсати, ба ақидаи худаш, муносиб ёфта, ба таваллою зорӣ даромад:
– Шоҳида, азизам, ҷони ширин. Фаромӯш кун. Бубахш маро. Байни ману он зан воқеаи казоӣ нашудааст.
– Ноказоиаш шудааст? – бо овози паст, вале пур аз танаффур пурсид Шоҳида. Ноказоияш чист, аз куҷо то ба куҷост? Бигӯ, охир!
Боз забони Вакил лол шуд. Чӣ навъ дурӯғ мегӯяд? Ба чашмони Шоҳида нигоҳ карда, дурӯғ гуфтан муҳол аст.
Ногоҳ фикре дар сари Вакил пайдо шуд ва ӯ бо ҳарорат гуфт:
– Бовар кун: ман ҳатто номи ӯро намедонам. Ана ба ҳар чӣ хоҳӣ, қасам мехӯрам, ҳатто номи он занро намедонам.
Шоҳида лахзае ба рӯи шавҳараш нигоҳи гӯё тараҳҳумомез дӯхта истода гуфт:
– Мабодо афтодан ногузир бошад, инсон ақаллан болои чирк наафтад.
... Давоми воқеаро Вакил ба духтур арз кардааст. Рӯзе ӯро ба табобатхонаи ёрии татҷилӣ ҷеғ заданд. Занашро ҷараёни электр қариб кушта будааст. Хушбахтона, Вакил ба сипаракаи электр муҳофизаки автоматӣ шинонида буд, ки ҳангоми атсоли кӯтоҳ фавран ҷараёнро қатъ месозад. Бо вуҷуди ин Шоҳида чанд рӯз карахт буд, кафи чапаш сӯхта ангуштпона барин ҷояш ҷароҳатнок шуда буд.
Ҳамон рӯзҳо Вакилро ба прокуратураи шаҳр даъват намуданд. Муфаттише бо ӯ дар хусуси аҳволи оила, муносибати зану шавҳар дуру дароз сӯҳбат кард. Маълум шуд, ки аз табобатхона хабар расидааст, ки фалокати Шоҳида фақат тасодуфи нохуш нест.
Вақте ки ба Вакил дар сохтмони иншоот дар хориҷа кор таклиф карданд, ӯ хурсанд шуд. Вай хаёл мекард, ки дар мамлакати бегона, дар муҳити нави ношинос занаш ҳамаи носозиҳои гузаштаро фаромӯш хоҳад кард.
Аён шуд, ки кор аз кор гузашта будааст.

10
Хосиятхон омад. Аммо ба зудӣ ба боло набаромад: тахмин ним соат аз таки тирезаи ординатура ғур-ғури «Запорожес»-аш шунида мешуд.

пешина
аз 248
навбатӣ