Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ин вақт модаркалонам ба хона даромада, падару модарама сарзаниш кард, ки ду одами каппа-калон як соат боз бо номи сагча овора шуда шиштанашон хуб нест. Ин кор хосият надорад. Сага ҳазор сӯм харида бошӣ ҳам, саг саг аст.
Додом ба ӯ чизе нагуфт. Аммо ҳамин, ки вай баромада рафт, боз ба номковӣ давом намуд.
– Ёфтам! – ногоҳ хитоб кард додом. – Номаш Ҷага!
Маъқул?
– Ин чӣ маъно дорад? – пурсид модарам.
– Нотарс, ҷасур, ба хаёлам.
– «Ба хаёлам» мегӯед? Ба кадом забон ин калима? – боз савол дод модарам.
– Забони ҳинд.
Ҳеҷ кас эътироз накард. Аз забонҳои аврупоӣ гирифта, ба сагҳо Марс, Пират, Дияго барин номҳо мемонанд. Чаро номи ҳиндӣ мондан мумкин набудааст? Ҷага! Ҷага! Номи нағз, садонок, ҳатто воҳимаангез.
Бо тарбияи Ҷага ҳамакаса машғул шудем. Ҳар пагоҳӣ додом шир меовард. Ду шишааш махсус барои Ҷага. Сонитар, аксари рӯзҳо модарам барои вай алоҳида таоме мепухт, агар фурсаташ танг бошад, худам аз магазин порае ҳасиби арзон меовардам. Фақат модаркалонам ба нигоҳубини сагча бепарво буд.
– Ҷамол, – мегуфт ӯ ба ман, – ҳушёр шав, кучукат ба ошхона надарояд. Нафасаш ба дегу табақ нарасад.
– Оча, Ҷага ҳоло бача, нафасаш ҳаром не, боре эътироз кард додом.
– Хайр, ҷудо нағз. Ҳалол бошад, ба сари дастархон шинонед, аз як коса шӯрбо хӯред. Ман ба хонаи акаат меравам.
Додом зуд аз гапаш пушаймон шуд ва барои он ки бибиам аз ростӣ ҳам ранҷида, ба хонаи амакам наравад, саросема гуфт:
– Ҳазл кардам, оча. Гуфтанӣ будам, ки саги майда ҳоло ки кӯдак аст, яъне хеле хурд мебошад. Яъне ба ҳукми кӯдак.
Азбаски саги нав ба дунё омада...
Додом боз муддате ба ҳимояи худ ва саги майда хеле норавшан гап зад-гап заду хомӯш шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё