Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Додом барои Ҷага панҷараниқоби тасмагин овард. Азбаски вай барои саги калон дӯхта шуда будааст, як тасмаи кӯндалангашро канда партофта, манаҳбандашро кӯтоҳтар ва ба сари Ҷага муносиб кардем. Сонӣ Ҷагая ба пеши духтур бурдем. Ба хоначаи торике дароварда, аз оби даҳонаш як пробирка гирифтанд. Натиҷаи таҳлил баъди ду рӯз маълум шуд. Хайрият, девона набудааст.
– Ба чашмаш кафки собун даромада, дарқаҳр шудааст.
Ҳеҷ воқеа не, – гуфт духтур.
Лекин то ин сӯҳбат ба шиками ман боз ду бор сӯзандору карданд.
Амаки Миша ҳамон бегоҳӣ маро ба ҳавлиашон ҷеғ зад.
Зина-хола як пиёлаи калони дастадор компоти бамазаи олуболугӣ дод. Амаки Миша ба ман чизе гуфтанӣ буд, яқин, аммо фикр мекард, ки гапа чӣ хел сар кунад. Ман ҳам охир майда нестам, феълу хӯи калонҳоя медонам.
– Лена, ин сӯ биё, духтарам, – ба тарафи хонаашон фарёд кард амаки Миша. Лена ба пеши падараш омад. Ба ман ягон бор нигоҳ накард, гӯё ман умуман набошам, ё бошам ҳам, хас барин ягон чизи камаҳамият бошам.
– Бирав, духтарам, ба пеши меҳмон себча биёр.
– Ҳм, «меҳмон», – писхандомез ғурунгос зад духтарча.
– Лена! – сахт карда гуфт амаки Миша ва Лена тозон ба пешгоҳи боғчаашон рафт.
– Хайрият, сагат саломат будааст, – ниҳоят гуфт амаки Миша. – Набошад, чилта сӯзандоруя азобаш ба гуфтан осон. Лекин, дӯстам, сагата фақат шартан, мефаҳмӣ, шартан, яъне фаразан саломат гуфтан мумкин. Ту, дӯстам, аз гапи ман наранҷ. Худаш солим, хунаш солиму аз ҷиҳати асаб ким-чӣ хел... Гапама фаҳмидӣ?
Ман ҳа гуфта сар ҷунбонидам.
– Имтиҳоната супурда, ба синфи ҳафтум гузар, ба як ҷо мебарам туя. Сагчаҳои хушрӯю кори калона ана он ҷо мебинӣ. Маъқул шавад, аз майдатараш якта гирифта медиҳам.
Рекса дар вақташ аз ҳамон ҷо гирифта будам.
– Аз сагҳои пайгири милитсия? – пурсидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё