Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Куҷо? Ба куҷо меравем?
– Худат гуфтӣ, ки ба хонаи соҳиби саг меравем. Соҳиби саг мана, Ҷамол.
– Вақти шӯхӣ не, – ҷиддӣ гуфт модарам. – Дида истодаед, ки авзои Ҷагаатон беҷо. Канӣ, он сагфурӯши беимона ба ман нишон диҳед, як гапзанон кунам.
Ба маҳаллаи паси вокзал равон шудем. Додом гардани хорхорон, хеле суст мошин меронд. Модарам гӯё бо ӯ гапаш гурехта бошад, ба пеш нигоҳ карда, хомӯш менишаст.
– Ихтиёрат-куя, лекин аз савдои саг қариб як сол гузашт.
Акнун ба сари он мӯйсафед рафта, чӣ мегӯем? – гуфт додом.
– Гап ёфт мешавад, – ҷавоб дод модарам.
Пас аз муддате додом боз ба гап даромад. Ӯ ҳанӯз умеде дошт, ки модарамро аз раъяш гардондан муяссар мешавад.
– Собун хӯрдани саг, албатта, ҳодиса, – гуфт ӯ, – лекин шояд ин ҳодиса ҳам сабаб дошта бошад? Дар ёдат ҳаст, Ҷамол дар сесолагиаш оҳаки девора канда мехӯрд?
– Ҳа, вай гапи дигар. Шумо, азизам, мошинатона тезтар ҳай кунед, вақт меравад. Ҷагаатон собунхӯр бошад, марҳамат, худам як қуттӣ собун харида медиҳам. Хоҳад пачка-пачка «Айна» ҳам хӯрад, шиша-шиша шампун хӯрад.
Садқаи сари дута фарзандамо. Лекин кадом саги соғ соҳибаша газидааст?
Амаки Эдик мақсади модарамро фаҳмида оташин шуд.
– Э ба шавҳаратон якта сагча фурӯхта, акнун як умр ба бало мондам? – дӯғ зад ӯ.
– Дӯғ назанед, амак, – гуфт очаам. – Ман аз зоти занҳои тарсончак не. Ин масъала масъалаи ҷиддӣ. Рости гапа гӯем, аз ин муомила бӯи суд меояд.
Амаки Эдик калимаи «суд»-ро шунида, абрешим барин мулоим шуда монд. Модарам дар хусуси зоти сагҳо, ким-чӣ хел як масъалаи ирсият, ки аз падару модар ҳатман ба фарзандон мегузаштааст, ҳатто дар давоми ҳазорон сол таъсираш ба наслҳо мемондааст, гап мезад. Ман он масъалая, рости гап, он қадар нафаҳмидам. Ба назарам, амаки Эдик ҳам намефаҳмид, ки ба ӯ чиҳо гуфта истодаанд. Аммо барои иззати меҳмон, ки аз ҳамон калимаи «суд» хеле қувват гирифта буд, ҳар дам «ҳа, ҳа, боракалло, тӯппа-тӯғрӣ» гуфта гӯш медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё