Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашм аз китоб наканда, фикр мекардам, ки ин шақшақая чӣ хел дошта одобаша диҳам, ки ба як умраш сабақ шавад. Аз ҷоям ҷунбам, гурсӣ худаша аз девор партофта мегурезад. Дар кӯча дошта наметавонам. Чунон тез медавад, ки бо велосипед расида наметавонӣ. Ба замми ин, ҳанӯз аз дур, ҳанӯз шамоли даст нарасида, чунон баланд чиррос мезанад, ки гӯё кушта истода бошанд.
– Ҷамол, медонӣ чӣ? – ҳамчунон мелаққид Лена. Аз синфи мо як бача кучукаша ба лабораторияи институти тиббӣ фурӯхтааст. Чор сӯм додаанд.
– Ҳа, – гуфтам гӯё оромона ва дар айни замон сивуду рагама якҷоя карда, зӯр зада, илоҷе меҷустам, ки ҳилае карда, ин шақшақая даст гирам.
– Ҷамол, медонӣ боз чӣ? Дар боғи ҳайвонот ҳам кучукҳои бекорая мехаридаанд. Лекин он ҷо камтар пул медодаанд:
якуним сӯм, ақаллан нархи собунҳои хӯрдагиаш не.
Айб намешуд, аз алам додгӯён мегиристам. Аммо чӣ илоҷ? Ҳамаи қувватама ҷамъ карда ва сар аз китоб набардошта, гуфтам:
– Лена, кори ту аз рӯи виҷдон не. Ман ба ту гандагӣ накардаам, ту фақат гапҳои ганда мегӯӣ. Ба камбудии як кас, ё ба рӯзи сиёҳи ягон ҷонвар хандидан хуб не. Дар китоб навиштагӣ.
Лена хомӯш монд. Ман боз гуфтам:
– Мо ду сол боз ҳамсоя. Аммо аз ту ягон чиза барои пурсидан гарданам ёрӣ намедиҳад. Мана ҳозир дар. бораи парвариши саг китоб мехонам. Ҳамааш ба забони русӣ. Баъзе калимаҳоя намефаҳмам. Аз ту пурсам гӯям, ту инхелӣ...
– Чихелӣ «инхелӣ»?
– Як даҳан гапи саҳат намегӯӣ. Боз Зина-хола мегӯяд, ки ту сардори отряди пионерон.
– Хайр, ба отряди ман корат набошад. Пурс чизи нафаҳмидагиата, – мулоим шуда гуфт Лена.
– Набошад, аз девор фаро.
– Хестӣ, ки хобат. Хоҳӣ, худат ба таки дар баро.
Амаки Миша дар таки дарашон як хараки майда сохта буд. Баромадам, ки Лена рӯи харак нишастааст. Мана дида домани куртааша ба поён кашида монд.

пешина
аз 248
навбатӣ