Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Додом ҷомакӯҳнаашро аз мехи гараж чанг зада, ба кӯча баромад. Бе ҳеҷ фикру андеша ҷомаро ба сари Ҷага партофта, ӯро печонид ва бардошта ба ҳавлӣ даровард.
Дар сару гардани Ҷага ҷои сиҳат намонда буд. Ба куҷое даст нарасонам, панҷаҳоям хунолуд мешуданд. Чашми чапашро умуман кушода наметавонист. Аз таки пилкҳояш хуноба метаровид.
Ягон ҷои Рекс, аз гуфти Лена, ақаллан ханҷор нашуда буд. Аммо саги ҳамеша ором ва пуртамкин ҳоло сахт ошуфта буд. Ҳар замон аз дар берун омада, дар сари кӯча истода нӯла мекашид, ба осмон нигоҳ карда, дуру дароз навҳа мекард.
Амаки Миша воқеаро шунида, чизе нагуфт, ҳамту як оҳ кашиду монд. Рӯзи дигар Рексро ба духтур бурд.
Акнун дили додом ҳам аз Ҷага хунук шуда буд. Аз муомилааш ҳис мекардам. Ба сару гардани Ҷага йод мемолиду зери лаб дашном медод. Ҳайвони ноасл, сагҳои ҷангара, амаки Эдик, тағои Сангинпӯлод ва боз киҳою чиҳоро дашном медод.
Ногоҳ ба ман дарафтод.
– Михал Степанич чӣ гуфт ба ту дар хусуси саг? – пурсид аз ман.
– Кадом саг?
– «Кадом саг». Ҷага не, албатта. Саги дигар ёфта медиҳам нагуфт магар?
– Гуфт.
– Ту чӣ гуфтӣ?
– Ҳеҷ чиз.
– Маҳмадоно! Фоида надорад маҳмадоноӣ, фаҳмидӣ?
– Ман ҳеҷ чиз нагуфта бошам, ба чӣ маҳмадоно мегӯед?
– Маҳмадоно! Шайтон! Рав аз очаат пул гирифта боз йод биёр, зелёнка биёр. Ба саги ту, аз афташ, бӯчка-бӯчка йод лозим.
«Саги ту» гуфт. Тамом. Акнун танҳо мондам.

пешина
аз 248
навбатӣ