Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худашон, ки инсони дақиқкору дақиқназар буданд, аз дигарон низ устувории аҳду паймонро чашмдор мешуданд. Ва инро як ҷузъи ахлоқи инсони бофарҳангу эҷодкор мешумориданд.
Боре мутолиаи дастхати адиберо аз устод хоҳиш кардам.
Ман, ки ходими шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» будам, ба устодон супурдани дастхатҳо ва оростани муҳокимаро ба ӯҳда доштам. Муаллим розӣ шуданд. Лек рӯзи ваъда ман аз рӯи зарурат беруни шаҳр рафта, дастхатро расонда натавонистам. Ва фардояш рӯи миз чашмам ба ин номаи кӯтоҳ ва бо ҳарфҳои зебову хоно бархӯрду зери хиҷолат мондам: «Мулло Абдулҳамид, гуфта будед, ки романро барои хондан рӯзи душанбе медиҳед. Ф. М.»
Устод ба ҳама хайрхоҳ буданд. Кӯҳзодро дӯст медоштанд; ба Муҳиддин Хоҷазод ва Саттору Сорбон бамеҳр муносибат мекарданд; Кароматуллоро эҳтиром, ба Бурҳон Ғаниву Маҳкам Пӯлод чун ошно деги сӯҳбат ба ҷӯш меоварданд. Ба Гулназар, Саидалӣ, Камолу Ҷонибек муносибати бародарона доштанд.
Аммо ҳангоми муҳокимаи асарҳои ин адибон ҳеҷ гоҳ хотир намедиданд ва аз сари манфиати адабиёту талаби замон як сари мӯй дур намерафтанд. Аҷиб ин буд, ки баробари муаллиф, шояд баъзан аз муаллиф бештар барои пухтаву хоно баромадани асар масъулият ҳис мекарданд. Аз ин рӯ бештари вазни баҳо додан ба асарҳо ба дӯши эшон меафтод. Тасаввур кунед: ҳолатҳое рух медод, ки он кас як романи калонҳаҷми пуробро се маротиба ҷафида маслиҳат медоданд, лек муаллиф меранҷид ва мешуд, ки бо қаҳру алам талху пичинг ва суханҳои заҳрогин низ мегуфт.
Дар ин ҳолат табассуме гирди лабони муаллим медавид ва нигоҳи гарми чашмони шаффофи зебояшон ба махзани роз табдил меёфт: яъне фаҳмиши нависанда ҳамин бошад, вой бар ҳоли мову хонанда…
Муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев фикру андешаҳояшонро дурушт баён ё ба сари касе бор намекарданд. Дағаливу беназокатиро ҳам дар адабиёт ва ҳам дар муносибат хуш надоштанд.
Нарм, маслиҳатомез ва дӯстона сӯҳбат меоростанд. Вале барои андешаҳои касеро шунидану гаштаю баргашта асареро таҳрир кардан низ нерӯи мардона, рӯҳи қавӣ, дили бузург ва назари фарроху меҳр лозим аст. Заҳмати эҷодӣ осон нест, қувваи бузурги рӯҳиро металабад. Ва чӣ афсӯс, ки ин неъмат чун истеъдоду дарки маънӣ ба ҳамаи эҷодкорон баробар насиб нагаштааст.

пешина
аз 248
навбатӣ