Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҷонкоҳонии беҳисоб ва як андоза ройгон рафтани соатҳои умри азизи устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар мутолиа ва муҳокимаи асарҳои суст ё камарзиш аз ҳамин боис буд. Устод сидқан мехостанд, ки асари хоме пухта шавад, номи муаллиф аз нашри асари аз ҷиҳати бадеӣ суст доғдор нагардад, вақти хонанда низ дар мутолиаи асари хому хатала ройгон нагузарад.
Шахсан, камина ифтихор дорам, ки устод аз рӯи хоҳишам ҳар чизи иншокардаамро мехонданд ва дар ҳошия ё поварақ бо ҳарфҳои калон-калони зебо менавиштанд. «Нағз… Бад не, мулло… Кашол ёфтааст… Нашуд! Такрори маҳз, аз баҳри дурӯғаш гузаред».
Имрӯз он дастхатҳоеро, ки аз ҳусни хати муаллим ганҷу арзише доранд, варақ мезанаму чун дарс аз онҳо баҳра мебардорам.
Инак, мухтасари ёддошти устод Фазлиддинро дар ҳошияи варақҳои «Паррончакҳо» ба шумо пешниҳод мекунам, то аз он чӣ андоза ҳассосу дақиқназар ва дилсӯзу хушзарофат будани эшонро пай бубаред.
«Қисса ҳаст. Бо шавқ хонда мешавад. Қиссаи такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим.
Маҳорати муаллиф дар афзоиш, такомул. Дар ҳар бозёфташ дили кас хурсанд мешавад, ки нависанда аст муаллиф, то рафт устувортар шуда истодааст ҳамчун нависанда.
Ва боиси хурсандии махсус ин ки маҳз табиатан нависанда аст…
Абдулҳамид намесозад, аз дилаш, аз шуураш ҳамин қисса бармеояд.
Норасоиҳо ҳастанд, 10-12 саҳ. аввал бори казоӣ надоранд…
Ихтисор бояд кард. Манзара, гуфтугӯи даромадгоҳи институт такрор, шинос ва нозарур менамояд…
Адоват бар бародар. Батафсил тасвир шудааст. Мегӯед, ки сабаб марги кабк. Лекин кина ба андозаи сад рама гӯсфанд… Ба назарам қайла аз мазза гузаштааст андаке…
«Овоз баровард» ба ҷои «гуфт» дар 30-35 ҷой омадааст…
Ҷоҳои нағз аз сусташ мӯлтар…
Оид ба маҳалпарастон порчаи бисёр баҷо ва пухта.
Пеш ба миллатҳо, ба маҳалҳо, ба кофиру мусулмон ҷудо кардан одат буд, табиӣ менамуд, ҳатто савоб буд мисли ҷудо кардан ба ҳалолу ҳаром.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё