Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Он гоҳ, чӣ мешавад? Беҳтараш тоқат бояд кард. Беҳтараш ҳамин фарзияро қабул бояд кард, ки ӯро тасодуф аз вартаи ҳалокат нигоҳ доштааст, ба тарзи китобӣ гӯем, ҷони ӯро дар ин партгоҳ мусоидати тасодуфии мусалласоти1 сангҳо, ба паҳлӯву тагу рӯю дунболи ҳамдигар расида, дар мувофиқати нопойдор даме қарор гирифтани онон зинда медорад.
Аз чӣ пайдо мешаванд ин парахасангҳо? Заминшиносон, кӯҳшиносон, албатта медонанд. Ана вай шахе, ки Саидбек барои ҳалқаи даҳпудии пӯлодӣ овехтан интихоб кардааст, санги мазбути яклухтест. Пайкари тирагунаш таҳамтани африкоӣ барин бо виқор сар ба осмон кашидааст. Шахҳо ва харсангҳои ин соҳил низ аксаран ҳамин гуна матину мустаҳкаманд. Саидбек борҳо рӯзона омада, соатҳои дароз тадқиқу таҳқиқ кардааст. Дар партави офтоб ҷило медиҳанд. Гӯё аэ ғурури ҷавонӣ, нерумандӣ, маҳкамӣ ва устуворӣ ҷило медиҳанд.
Лекин ана он шахи болои сараш пир шудааст. Бармаҳал пир шудааст. Эҳтимол, аслан каммадор, камшира будааст.
Дар байни одамизод ҳам чунин зотҳо ҳастанд: аз кӯдакӣ заифу наҳиф, ҳамаи умр гирифтори ину он ранҷ ё нуқсон.
Хулоса, умр не, як силсилаи бепоёни азияту заҳмат. Ҳатто хишт ё бетонтахтаҳои ба дасти одам сохташуда ҳам ҳар хел мешаванд. Масалан, сад дона тахтасанги бетонӣ оварда, барои пайраҳаи нав ё роҳи мошин фарш мекунанд. Аз ин сад адад чандтоаш ба таъсири обу офтоб, гармову сармо тоб оварда натавониста, ба ҳолаш футур меравад, лекин якбора не, аввал рӯяш доғи нағзак хӯрдагӣ барин чӯтур мешавад, сонӣ ҷо-ҷо чуқураку ҳавзак пайдо мекунад. Баъдтар симҳои қафасаш, «қабурғаҳои» танаш намоён шуда, гӯшти боқимондаи баданаш аз ҳам мерезад. Раҳгузарон шабона пешпо хӯрда меафтанд. Хусусан ҷавонон ва духтарони дил-
Тригонометрия дода, ки дар ин айём парвои замину осмонро надоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё