Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Панҷ-шаш дақиқа пештар вай садои наҳрро баръало мешунид. Лаҳзаи аввал он ба гӯшаш якмарому якнавохт мерасид. Лекин бадиққаттар гӯш дода, пай мебурд, ки он садо якнаво нест, балки ба мисли он ки дар китобҳо менависанд, дарвоқеъ ҳам дарё бо соҳилҳои маҷрояш, бо сангҳои сари роҳаш гӯё сӯҳбате дорад. Гоҳ-гоҳе одами зинда барин оҳи гароне мекашад ва пас бо ҷӯшу хурӯш аз саргузаштҳояш ривоят мекунад.
Ҳоло шарфаи об куҷо рафт? Чӣ шуд?
Тавба, гӯши худаш маҳкам шуда будаасту....
Саидбек оҳиста ҳаво ба дарун кашид. Ҳангоми фуруди ҳавопаймо тазъиқи фазо пардаи гӯшро мебандад. Ҳаво ба дарун кашед, пардаи гӯш боз мешавад. Барои осон шудани гап «пардаи гӯш» мегӯянд. Аслан ҳеҷ гуна парда-марда нест, гап дар ҳаракати хунест, ки рагҳои сомеаро озуқ медиҳад, гуфт Саидбек дар дилаш гуё худ ба худ баҳс мекарда бошад.
Шарфаи обро аз нав шунида, андаке биосуд. Аммо худи ҳамон лаҳза диққаташро овози барои ин ҷойҳо ғайримунтазирае ҷалб намуд. Гӯё нолиши ҷонвари захмин барин, ҳатто ба фарёди шикваомези касе мемонад. Не, одам чӣ кор мекунад дар ин поси шаб? Рост, ки дар он сӯи наҳр, дар канори роҳ кулбае ҳаст. Касе тахмин даҳ-дувоздаҳ сол қабл аз ин санг чида, девор бардошта, хонае сохтааст. Аз афташ, як-ду тобистон он ҷо иқомат доштааст, баъд тарк карда рафтааст.
Дар шаҳри калон ҳаводорони табиат зиёданд, дар чоҳои хушманзари соҳили дарё ҳафтаҳо хайма зада истироҳат мекунанд. Ана аз ҳамин қабил одамон яке манзили нисбатан муқимтаре сохтааст, сонӣ ё аз сангрези дара, ё аз сел тарсида, ё худ танҳоӣ ба дилаш зада, онро тарк гуфтааст. Қадқади Кашолдара гардед, ин хел кулбаҳо, ҳатто хонаҳои калон-калони бесоҳибмондаро бисёр мебинед.
Ба кулбаи он сӯи соҳил кайҳост, ки касе сар нахалонидааст. Саидбек худи ҳамин рӯз, не, акнун дирӯз гӯяд дуруст аст, дирӯз бегоҳӣ аз пайроҳа фаромада, аз дари шалақу ба як часпак овезони вай ба дарунаш нигоҳ карда буд. Коғазпораҳои кӯҳна ва консервқуттиҳои пачақу зангзадае, ки дар фарши хона парешон мехобиданд, манзараи ҳузнангезе доштанд.

пешина
аз 248
навбатӣ