Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Се санг, писарам.
Бузург барои ифодаи ченаки вазну масофа қадоқу пуд, сангу фарсах барин истилоҳҳои қадимаро ба кор мебурд.
Мамлакатҳо, минтақаҳоро низ бо исмҳои пешинаашон ном мебурд: Чину Мочин, Шому Сарандеб, Руму Фаранг ва ҳоказо. Аммо агар ӯ «то Ҷом бисту ду километр роҳ аст»
мегуфт ҳам, Саидбеки даҳсола аздусар намефаҳмид, ки ин чӣ масофаест. Ин нахустин саёҳати калони пиёдаи ӯ буд ва ӯ фақат фаҳмидан мехост, ки оё дар ягон ҷо ақаллан ба аробае савор намешаванд?
Роҳи васеи мумфарш аз мобайни киштзорони пахта, тамоку ва ҷуворӣ гузашта, тирсон рост ба сӯи кӯҳсори ба тумани кабуд печида мерафт. Бобо мегуфт, ки Ҷом дар домани ана ҳамон кӯҳи кабуд ҷой гирифтааст. Тахмин ду соати аввал Саидбек сабук ва чолок роҳ мепаймуд. Наҳрҳо, пулҳо, чойхонаю магазинҳои сари роҳ, тӯбсадаҳои азим, ҳавзҳои пуроби атрофашон сафедорзори назди ҳар гуна бошишгоҳҳоро бо шавқ тамошо карда, хушҳолона қадам мезад. Баъд хаста шуд.
Онҳо аз пайраҳаи канори роҳ мерафтанд ва Бузург аз ҳар гуна воқеаҳо ва одамони ғалатии замони пеш ҳикоят мекард. Чизҳои мароқоваре нақл мекард, чунки вай, охир, асри гузашта ба дунё омада буд ва бисёр одамон, шаҳрҳо, деҳаҳо, ҳодисаҳоро бо чашми худ дида буд.
Бобо хӯрҷини хушранги ироқӣ дар китф аз паҳлуи ӯ бардам ва солорона қадам мезад. Аз тарҳи зоҳирии паллаҳои хӯрҷин, аз таранг ва зич ба сари китф хобидани васати он аён буд, ки ин дафъа низ ғайр аз тӯшаи роҳ вай қариб ҳамаи асбобҳои гарони пӯлодини касби ҷувозсозӣ ва сангтарошиашро ҳамроҳ мебарад: чанд навъи дасттеша, чанд хел болғаҳои каҷдами сангтезкунӣ, исканаҳо, кӯбаҳои рангубарангашро низ бар дӯш бардоштааст. Одати деринааш ҳамин аст: хоҳ касе ба коре даъват карда бошад, хоҳ не, ҳамин ки аз остонаи хонааш берун шуд, анҷоми устоиашро низ бо худ мегирад.
Аз роҳ ба ин сӯву он сӯ мошинҳо дартоз мегузаштанд ва дар байнашон автобусҳои мусофиркашон низ буданд.
– Бобоҷон, ба Ҷом автобус намеравад? – -ниҳоят ошкоро савол дод Саидбек.

пешина
аз 248
навбатӣ