Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хайр, гуфт Сангинбек дар дилаш, хосияти деҳот ҳамин. Хоҳ бигӯӣ, хоҳ не, медонад, ки фалонӣ буқаашро кай ахта мекунад, осиёб кай буд мешавад, ба кишлоқ аз куҷо ва ба хонаи кӣ табиб омадааст. Кадом воқеа, ки бошад, тоза бошад – шуд, албатта мавриди тамошо ё ақаллан мавзӯи сӯҳбат ва мубоҳиса мешавад.
Сангибек домани ҷомаашро барзада, аз он болинаке сохт ва дар болои камараш аз пас устувор намуд. Аз болои он ҷули нармеро дуқат карда, аз сари кифт то миён партофт. «ё пирам, мадад кун!» пичиррос зад зери лаб ва бо овози баланд «Омин!» гуфта, даст ба рӯй кашид. Шаш нафар аз атрофиён низ омин гуфта, кундаро бардошта, бар тахтапушти ӯ ниҳоданд.
Ҳаждаҳ-бист қадам масофаи байни кунда ва дари ҷувозхона тай шуд. Акнун аз остона то ба мобайни ҷувозхона даҳ қадам роҳи нишеби душвор монда буд. Аз дили Сангинбек гузашт, ки қосиди бек бемаҳал омад, хонасӯхта. Омаду хавоси ӯро парешон карду рафт. Сангинбек ҳис кард, ки кадоме аз раг ё пайҳои камараш хаёле ҷиззас мезанад. Пошнаи чапаш ҳам ҳангоми гом ниҳодан аз тазъиқи бор зирқ-зирқ нолиш мекунад.
Дар як он дилашро ваҳм зер кард: агар пояш саҳле биларзад, бор яктарафа меравад ва ҷуссаи ӯро пахш мекунад.
«Пирам, даст бигир!» ба такрор илтиҷо намуд дар дил ва муддате аз роҳ бозмонд. Атрофиён дам ба дарун кашида, сокит меистоданд. Ба усто чунин менамуд, ки муддати зиёде дар ҳамин ҳолат шах шуда рост истодааст ва аз пайраҳаи нимторики сарнишеб чашм намеканад. Ниҳоят, ором ва чукур нафас кашиду ба худ гуфт: «Ҳеҷ воқеа нашудааст. Қосиди шум омад, омад-дия. Ба пеши бекаш нахоҳам рафт. Ба бекҳо хизмат мекунам, гуфта ваъда надодаам. Аз онҳо некие дида, карздор нашудаам. Одами ба раҳам ростам. На аз инаш муттаҳам, на аз онаш-дия. Ба пеши бекаш нахоҳам рафт. Бе бекҳо хизмат мекунам? Худи фардо меравам....»
Инро гуфту дилаш таскин ёфт. Ҳушу ёдашро ба як нукта
– ба зарурати ҳамвор тай кардани ҳафт-ҳашт қадам пайраҳаи боқимонда равона кард. Ва кунда ба ҷояш расид, ба «хонааш» фаромад. Ба таъбири худаш, «бисёр нағз нишаст».

пешина
аз 248
навбатӣ