Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз ҳамон гап, ҳавола ба охират. Дар ин ҷои андеша дар дили Сангинбек шубҳае пайдо шуд ва ӯ ба хотир овард, ки аз ин пеш ҳам борҳо ба идроки ин муаммо даст зада, ба кӯчаи сарбаста даромада буд. Ба худ гуфт, ки бо андешаҳои носавоб машғул шуд, бо фикру андешае, ки барои мӯъмину мусулмон манъ шудаанд. Ӯ ба паҳлӯи дигар гашт ва оёти пеш аз хобашро аз ҳаррӯза бештар такрор намуд.
Ними шаб тақ-тақи дар бедораш кард. Ҳамонҳо, аз дил гузаронид Сангинбек. Халосӣ нест, аз афти кор. Дасттешаро аз таки яктаҳ ба миёнбандаш гузаронид. Усто нахоҳад, ки асбоб доштанаш аён шавад, онро ба тарзе эҳтиёт мекунад, ки то напалмосӣ, пай намебарӣ. Дилаш гувоҳӣ медод, ки бе аслиҳа набояд берун равад. Кордҳои нағз дорад, яктааш дудамаи дастааш тобдори устухонист, ки онро чандин маротиба ба сафарҳои дур ҳамроҳ бурдааст. Аммо аз чӣ сабабе тешаро гирифт. Шояд аз он сабаб, ки маълум аст дар ин поси шаб кӣ омадааст.
– Бек омаданд, усто. Худашон омаданд. Шуморо мунтазиранд, – гуфт касе аз оғӯши торикӣ. Ин овози ҳамон дастёре буд, ки рӯзона ба сари кораш рафта буд.
– Канӣ он кас?
– Он ҷо, дар тутзори лаби ҷар.
Шаб чунон торикистон буд, ки каси дигаре мешуд, як қадам пеш рафта наметавонист. Сангинбек бо эътимод қадам мегузошт. Ҳар як ваҷаби пайраҳаҳои боғаш, боғи ҳамсоя ва рафиқаш Рустам, боғҳои атроф, пасту баландиҳои ҷари хилват ва тутзори ба он пайваста барояш ба мисли кафи даст озмуда буд. Бале, эътимодаш аз он буд, ки роҳ воқеан шинос аст ва боз дар он буд, ки вай, Сангинбек, дар пеши одамоне, ки ӯро ду рӯз инҷониб ором намегузоранду ҳоло нимишабӣ аз бистари хоб бардошта, ба куҷое мебаранд, гуноҳе надорад. Рост, ки талаби онҳоро ба иҷро нарасонид, дастаи фиристодагонашонро ба роҳи пурхатари кӯҳистон, ба роҳе ки аз чандин дара, ағба ва хаму кӯталҳои силсилаи Зарафшон гузашта, ба Ҳисори шодмон мебарад, ҳидоят накард ва нахохад кард.

пешина
аз 248
навбатӣ