Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Оре, хуми мусалласи кӯҳна ба зудтар пухтани маслиҳат мадад расонид. Қарор шуд, ки бомдоди дигар фалонӣ ва фалониҳо ба роҳ мебароянд. Муаммо аз байн рафт, аммо аз қадим маълум аст, ки шароб дар ҳалли як муаммо кӯмак кунад ҳам, ба майлу ихтиёри худ муаммои тозае ба миён меоварад. Хусусан, ки айшунӯш ҳамчунон давом мекард, балки аз боиси кушоиши кор ба авҷи тозааш расида буд.
Инак, дар оғози поси дуввуми шаб, қарибиҳои фароварди базм муовини Исломбек, дасти рости ӯ дар ҳамаи корзорҳо аз таъсири май ё аз ҷасорате, ки дар ниҳодаш фаровон буд, ба киноя гуфтан сар кард. Сонӣ бекро ном набурда, таъна зад, ки аз фориғболии баъзе йигитҳои бегурда фурсати зиёде барабас рафт.
– Йигитҳо ном надоранд? Кадомаш бегурда? – ногаҳон хун ба сараш давида ва саропо тасфида бонг зад Исломбек.
Шароби фаровон гӯё маҳаке буд, ки занги деринаро зудуда, қимати асли сангҳоро падидор менамуд. Муноқиша рангу оҳанги ошкоро мегирифт. Аз як гап гапи дигар бармеомад, ки аз пешина сахттар, талху тундтар буд.
– Муттаҳам! – гуфт ниҳоят бек ба муовин. – Медонам, нағз медонам, ки миёни йигитҳо тухми низоъ мекорӣ.
Мақсадат ҳам равшан: худат бек шудан мехоҳӣ.
– Ту ба ном бек... бошӣ, ман чӣ кунам? Худат муттаҳамӣ, ки як шонатарош фармоната ба ду пули пуччак нагирифт.
Бек хомӯш шуд. Ҳама хомӯш шуданд. Дигар аён буд, ки яке аз ин ду саркарда аз ин меҳмонхона зинда нахоҳад баромад.
Пас аз дақиқае яке аз калонсолтарон гӯшаи дастархонро қат карда, аз ҷояш бархост, кадаме ба пеш гузошт ва гуфт, ки дар чунин замонаи алғавдалғав ҳама бояд батоқату пурбардошт бошем. Ба хотири иттифоқ ҷамъ омада будем, ману туву туву ман накунем, аз як гиребон сар бароварем...
Сухани маслиҳатомези вай таъсире набахшид. Бек сар боло карда, чашмони хунгирифтаашро ба муовин дӯхт ва бо овози пасти пуртаҳдид гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё