Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин дафъа Сангинбек ба ҳамлаи ҳариф мунтазир нашуда, худаш ду қадам пеш рафт ва ҳамаи қуввати боқимондаашро ба як ҷо ҷамъ оварда, ҷаҳиду дами тешаро бар сари он суроб фаровард.
Дигар ёддошти бонизоме надорад. Ёд дорад, ки ғарчасзанон бар ҷисми он суроб фурӯ нишастани асбоби алмосвор тезашро шунид ва худаш низ дар паҳлӯи ҷасади ҳариф дубора биафтод. Он чи пас аз он рӯй дод, фақат арангаранг, фақат баъзе пораҳои ҷудогонааш ба шуури вай расидааст, саҳеҳтараш, ба кадом як канори дури шуур сабуксабук расида, ҳамчунон сабук гузашта рафтааст. Гӯё ду нафари дигар, навкари бек аз ҷумла, пайкари ӯро боз муддате чаппаву роста мекарданд. Садои яке ба гӯшаш даромад, ки «корда тоб те, тоб дода гир» мегуфт. Аммо зарбаҳои ба шикамаш расонидаи корд дигар аз озору азият озод буданд.
Сонӣ олам аз аккоси баланд, ғавғои гӯшкаркунандаи сагон пур шуд. Аввал сагҳо як села буданд ва гӯё маҳз аз болои чашми калон кушодаи вай парида мегузаштанд, вале овозашон дур намерафт, балки торафт наздиктар ва боз наздиктар меомад, дар косахонаи сар, дар мағз андар мағзи синаи хунолудаш ларза меандохт. Баъд селаи сагон бо иттифоқ ба якта саги калон бадал шуда ва он саги азим бо чашмони оташин, бо даҳони арғувониранги калон кушода ва дандонҳои дароз-дарози хунолуд тирсон ба сӯи вай мепарид. Аммо дар лаҳзаи охирин чӣ мешуду саг хато мехӯрд ва шатарросзанон аз паҳлӯи ӯ паррон мегузашт ва Сангинбек низ ба такони мавҷи башасти тохти вай тоб оварда натавониста, ба замин меафтод.
«Аз дасти нокасон мурдан нанг аст», – касе дар бехи гӯши Сангинбек гӯё пичиррос мезад. Вай чашм кушода дид, ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷои тутмайдон партави моҳ афтодааст. Аз куҷое ҷеғи хурӯс ба гӯш мерасад. Ҷароҳати шикамашро бо кафи чап дошта, аз ҷой бархостанӣ шуд. Натавонист. Ба зону баланд шуду боз барафтод. Ва ҳис кард, ки аз зарби ин лат ҷараёни тозаи хун аз зери панҷаҳояш ба таровиш даромада, ангуштонашро гарм намуд. Муддате таҳаммул кард, сонӣ ба паҳлӯи рост ёзид, бо дасти рост ва пои чап пайкари худро тахмин як ваҷаб ба пеш тела дод.

пешина
аз 248
навбатӣ