Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

В А Р Т А
Қисса

Мӯзаи Саидбек ба чизе андармон шуду пайкараш аз фурӯ лағжидан бозистод. Шақарросу тақарроси гӯшхароши сангу сангрезаҳо қатъ гардид. Аммо абри ғализи чанги нафасгир дар гирди сараш ҳанӯз мепечид ва димоғашро хориш медод.
Дилаш ба шиддат метапид ва дар гӯшҳо, дар мағзи сараш ғулғулаи баланде афтода буд, ки ин гуна садои ношиноси пуршӯрро дар умраш нашунидааст. Гуп-гуп... гуп-гуп... гупгуп... – табл мезад дил. Гуё вай дигар мушт барин дилаки майдаяки нарму гармаки худаш набуд, дили итоаткору латбардори пешинаи худаш набуд, балки тояки масте буд, ки баногоҳ аз шабаҳе рамида ба ҷастухез афтодааст ва гурсгурси изтиробангези сумҳояш путку сандони гарони корхонаҳои азим барин базарба садо медиҳад.
«Дар ин дунё зистан мушкил, мурдан осон» – гуфтааст касе. Чӣ гуна одам бошад ҳамон кас? Фарз кардем, зистан саҳл нест, зиндагонӣ силсилаи ноҳамвори талошҳост. Лекин чаро мурдан осон будааст? Гап аст ҳамаи ин, гапи одамони бедард. Ҷон ширин аст, зиндагӣ азиз. Барои ҳама ба як сон азизу нотакрор.
Саидбек нафас ба дарун бурд то сангрезаҳои атрофаш дубора ба ҷунбиш наоянд ва бо эҳтиёти зиёде гардан тофта, бо гӯшаи чашм ба боло нигарист. Ба ҳамон ҷое, ки санги пой мондааш ҷунбид, баъд лағжид ва ӯ барои ҷаҳидан ба санги дигар ҳанӯз фурсат наёфта, вазни пайкараш ба чап моил гардид ва ӯ мувозинатро гум карда, ночор ба тӯдаи сангреза пой гузошт ва пояш то ба сурин фурӯ рафт ва тӯдаи сангпораҳо низ фурӯ нишасту ба ҳаракат даромад ва сангпар оғоз ёфта ва ӯ то ба ҳоли ҳозирааш расид.
Аз боло то ба ин ҷо ғелиданаш мӯл бошад, сӣ ё чил сония тӯл кашидааст. Аммо ба хаёли вай муддати дарозе, гӯё як соати тамом мепариду меафтоду бармехост ва боз меафтоду мелағжид, метапиду меғелид. Ба буттаҳо, ба решаҳои урёни сари роҳаш, ба қирраи сангҳои ба хаёлаш устувору ноҷунбон бо умеде чанг мезад. Дар ин муддат ва дар ҳамин ҳолат он қадар манзараҳо, симоҳо пеши назараш омаданд, он қадар воқеаҳоро ба ёд оварду он қадар андешаҳо аз дилаш гузаштанд, ки вақти дигар мешуду онҳоро дунболи ҳамдигар мечид, як дафтар пур мешуд.

пешина
аз 248
навбатӣ