Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дар овони кӯдакӣ тахтапушти ӯро бобояш ҳамин тавр сила мекард. Кафи фароху панҷаҳои гирояш пур аз обилаҳои бисёрсола ва шахшӯл буданд, вале писарак навозишҳои ӯро одат карда буд ва дӯст медошт. Баъдтар тахтапушти боборо худи ӯ ба ҳамин тариқа даст мекашид.
Боре ҳамроҳи Нигор дар чиллаи зимистон омаданд. Ҳаво хеле хунук буд, чанд қабат барф дар боғу саҳро, рӯи ғарамҳои бедаю ғӯзапоя, дар кӯчаву пайроҳаҳо болои ҳам зам шуда мехобид. Саидбек ва Нигор ба ҳавлӣ даромадан замоно боборо диданд, ки барф бел мекард, аммо дар танаш фақат як қабат куртаи дарози гиребонаш ҷиҳакдор буду бас.
Ҷомадонҳои худро саросема ба фарши дарвозахона партофта, ба пеши Бузург давиданд. Вай аввал Нигорро оғӯш кард, аз пешониаш бӯсид, суханҳои хуш гуфт. Пас Саидбекро навозиш кард. Саидбек даст ба камари пирамард бурда, пушти боборо молид ва ташвишомез пурсид:
– Бузург, хунук нахӯрдаед?
– Не, Бек, баданам гарм.
Саидбек аз гиребони васеи бобо ба таки куртааш даст дароварда, боз гуфт:
– О ях барин-ку, Бузург?
– Аз дарун гарм, писарам. Аз дарун.
– Фаҳмидам, Бузург. Лекин ҳаво бисёр хунук. Ҳозир ҷомаатонро меорам, – ва Саидбек ба сӯи хона биштофт.
– Лозим не, Бек, ҳамроҳ медароем. Аз бекорӣ зиқ шуда будам...
Дасте мӯи сар ва буни гарданашро ба нармӣ молид. Саидбек сар бардошта дид, ки аммааш, кӯчактарин духтари Бузург, хоҳари хурдии падараш ӯро ишорат мекард, ки аз ҷой бархезад.
– Ба меҳмонхона баро, Саидбек, – мегуфт аммааш, – мӯйсафедон туро мунтазиранд.
Аз сӯҳбати калонсолон пай бурд, ки бидуни ширкат ва кӯмаки ӯ ҳамаи масъалаҳо кайҳо ҳал шудаанд. Фардо Бузургро ба хок месупоранд, пасфардо бегоҳи се мешавад.
Маросими калонтар ба хотири Саидбек ва аз рӯи таъйиноти пирамарди шодравон якшанбеи оянда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё