Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас гуфт:
– Ҳамкурсат ҳам беҷо набудааст...
– Довуд?
– Занаш, – гуфт Алексей ва бо заҳрханда илова намуд: – Модасайёд.
– Чӣ? Чӣ?
– Сайёд, шикории мода, мегӯям.
Боз дақиқае хомӯш нишастанд.
– Сазои сараш! Сазои сари ҳар дуяш! – гуфт Алексей ва аз бари остину сари зонуяш гарди набударо афшонида берун рафт. Гӯё ба забони ҳол мегуфт, ки аз шарҳи он чизе ки гуфт, ор мекард, он нуқта намеарзад, ки ба мулоҳиза ё муҳокимааш вақт сарф кунӣ.
Аммо он нукта барои Саидбек сирри ниҳонӣ набуд. Садаф ба худи ӯ низ чанд бор ишораҳои духӯраю гӯшадор карда буд, ки ҳар гуна одами содадилро ба дарёи андеша ва ҳиҷолат меафканад. Боре ӯро ҳамроҳи иқтисодшиноси идораашон, ки ҷавонзани хушсимои ҳалима ва шармгине буд, дар назди сирк дида ва бо ишораи ангушт ба каноре ҷеғ зада гуфта буд:
– Занҳо ҳам дил доранд. Аз сайругашти дӯстон бо хонумчаҳои нозанин рашк мебаранд.
Саидбек ба мазмуни сухани ӯ дарҳол сарфаҳм нарафт.
Гумон бурд, ки Садаф Нигорро дар назар дошта, аз рашк гап мезанад. Бинобар ин ба эзоҳ пардохт:
– Мо ва ин кас, ба қавли ту, хонумчаи нозанин, ба ин ҷо барои тамошо наомадаем. Ба маъмурияти сирк кор дорем.
Инҳо ҳалқаҳои аҷибе сохтаанд. Барои зуд, дар як лаҳза васл кардан ба сим бисёр соз. Аз ҳамон ҳалқа барои намуна якдута гирифтанием.
– Ҳа-а, – бо табассум ишваомез мад кашида гуфт Садаф. – Ин тавр бошад, майлатон. Гумон кардаам, ки дигар хел ҳалқа бошад, барои дигар гуна васл бошад.
«Пес! Махав!» дар дил дашном дод Саидбек ва тугмаи зангро пахш намуд.
– Ҳозир! Як дақиқа! – овози Садаф шунида шуд аз дарун ва ба дили Саидбек боз оташ афтод.
Садаф аввал гуфт, ки Давид ҳозир меояд ва аз рӯи дастархони дар ин чанд дақиқа оростааш пардаи болопӯшашро бардошт.

пешина
аз 248
навбатӣ