Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

баҳор низ бо суффикси -от ҷамъ баста шудаанд: ёғоти хуб, бӯтоноти марғуб, чаманҳои матлуби сабзу хуррам хеле аст (с.258).
Дар баҳорот борандагии зиёде мешавад (с.216). Ин шакли ҷамъбандӣ дар забони адабии имрӯза дида намешавад.

Суффикси ҷамъбандии арабӣ -ин. Ин суффикс бо калимаҳои арабӣ шакли ҷамъи арабии ҷинси мардона сохтааст. Калимаҳои бо ин суффикс ҷамъбасташуда аслан ба шахс тааллуқдор буда, сифат ва ё касои одамонро ифода менамоянд. Мисолҳо: муаллимини онҳо ҳам шӯҳраи офоқ буданд (с.102). Қиштиҳои тиҷоратӣ ҳама вақт дар омадурафт, машғули ҳамлу нақли молӣтиҷорат ва мусофирин мебошад (с.28).

Калимаи муаллим ва мусофир ҳам бо суффикси -ин ҳам бо суффикси -ҳо ва ҳам бо суффикси -он ҷамъ баста шудааст: муаллимин (с.251) муаллийҳо (с.253), муаллимон (с.20,39), мусофирин (с.
233), мусофирон (с.59,81); Калимаҳои муҳандис, нотиқ бо суффикси -ин ҷамъ баста шудаанд. (саҳифаҳои 216,233,241,280).

б) ҷамъбандии шикаста. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" бисёр шаклҳои ҷамъи арабӣ бо роҳи ҷамъбандии шикастаи арабӣ сохта шудаанд. Ин тарзи ҷамъбандӣ асосан бо роҳи флексияи дохилӣ, яъне дар решаи калима ҷоиваз кардани овозҳо ба вуҷуд меояд. Дар асар чунин шаклҳои ҷамъбандии шикаста вуҷуд дорад:

  1. Типи - афъол: асрор шакли ҷамъ аз сирр: Асрори худро аз банда пӯшида намедошт (с.294). Мактаби атфоли бепадар ҳам сиво аст (с.76).

Муаллиф калимаи арабии авкотро, ки дар забони ҳозираи тоҷик ба маънои таом, хӯрок кор фармуда мешавад, ба маънои аслии худ истеъмол намудааст. Ин калима 5-6 маротиба кор фармуда шуда, дар ҳама наврид ба маънои ҷамъи вақт, яъне вақтҳо истеъмол карда шудааст, на ба маънои таом: Азла авқот зиндагии худро ба саёҳатгардӣ гузаронидам (с.21). Азлаб авқот ин роҳ оғуб дорад (с.26).

  1. Як гурӯҳ калимаҳо дар қолаби фуало ҷамъ баста шудаанд:
    раиси вузаро ва вазорат мукаррар намуд (с.305): шоир - шуаро,
    олим - уламо, ҳаким - ҳукамо ва монанди инҳо.

  2. Дар қолаби фуҳул: Берлинро мадинат-ул-улум фа-л-фунун меноманд (с.72).

  3. Дар шакли мафоил: шайх - машоих: Ҷурчон дар замони қадим шаҳри бисёр бузурги мӯътабар буда, ки аксар аз уламои номдим

пешина
аз 159
навбатӣ