Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

-е дар асар бисёр дида мешавад. Дар ин гуна ҷумлаҳо, хабари ҷумлаҳои мазкур дар шакли инкор оварда шудаанд: Ҳеҷ хабаре аз Астаробод нарасид (с. 42Т). Ҳеҷ самаре ҳам намебахшад (с. 237).

Ба ҳамин тариқ, дар "Туҳафи аҳри Бухоро" категорияи номуайянии исм бо суффикси -е, ҷонишини як, ҳеҷ ва кам бошад ҳам, бо ҷонишини ягон ифода шудааст. Муаллиф дар истеъмоли суффикси -е қоидаи дар таркиби тавсифӣ бо муайянкунанда кор фармудани -е-ро тағйир дода ба ин анъанаи дерин риоя накардааст. Дар асарҳои устод С.Айнӣ ҳам ин ҳодиса мушоҳида мешавад.

Мирзосироҷ хусусиятҳои забони зиндаро ба инобат гирифта, калимаи ягонро низ дар ифодаи номуайянӣ кор фармудааст, ҳол он ки аз рӯи қайди Н.Маъсумӣ калимаи ягон бо вуҷуди он ки дар забони умумихалқии тоҷик чун воситаи ифодаи номуайянӣ ва таъйинӣ машҳур буд, ба нормаи грамматикии забони адабии пешинами мо ҳанӯз дохил нашуда буд.

Дар асари Мирзосироҷ ба тариқи мувозӣ истеъмол ёфтани суффикси номуайянии -е ва калимаи як, ягон ва ҳеҷ далеле ба забони зинда такя намудани муаллиф мебошад, ки дар роҳи ба забони адабии наздик кардани забони гуфтугӯӣ кӯшиши натиҷабахше буд.

СИФАТ

Нависанда дар истеъмоли сифатҳо ҳам ба забони адабиёти классикӣ, ҳам ба забони адабии давр ва ҳам ба забони зиндаи гуфтугӯӣ такя намуда, шаклу воситаҳои сифатиеро кор фармудааст, ки аз ҳар ҷиҳат ҷолиби диққат мебошанд. Дар асар сифатҳо аз исм, тавсифҳо ва феълҳо сохта шудаанд ва ҳар кадом ба хусусияти хос соҳиб мебошанд. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" чунин хусусиятҳои ин ҳиссаи нутқ мушоҳида карда шуд, ки аз забони адабии ҳозираи тоҷик то андозае фарқ мекунад:

  1. Маълумки дар забони адабии ҳозираи тоҷик сифат аксаран пас аз исм меояд ва ин чунин нормаи забони адабӣ дар наср қатъӣ риоя карда мешавад. Аммо дар "Туҳафи аҳли Бухоро" бошад, як қатор мисолҳое дучор шуданд, ки сифат пеш аз муайяншаванда оварда шудааст:

Бад ҳӯтал набуд, Тарбизон хӯтал меноманд (с. 35). Қокои хиёбони машҳад бад ҷое намебошад (с. 121). Бад доду ситод намекунад (с. 257). Бад шаҳре намебошад (с. 7). Бодкӯбаро русон Боку мегӯянд, бад шаҳре нест (с. 26).

пешина
аз 159
навбатӣ