Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ҶОНИШИН
Дар забони “Тӯҳафи аҳли Бухоро” истеъмоли ҷонишинҳо аз забони адабии ҳозира фарқи куллӣ надорад. Мақсади мо дар ин боб муайян кардани он мебошад, ки муаллиф дар ибтидои асри XX кадом хелу ҷонишинҳоро истифода кардааст ва кадоме аз ҷонишинҳо дар забони асари нависанда аз вазифаи аслии худ дур шудааст. То ибтидои асри XX дар забони адабии тоҷик баъзе ҷонишинҳои ҷамъ бо -он ва -ҳо истеъмол карда намешуданд. Н. Маъсумӣ дар ин бора қайди махсус дорад: “бо роҳи ба ҷонишинҳои ҷамъӣ бевосита ҳамроҳ кардани суффиксҳои ҷамъсози -он, -ён ва -ҳо ифода кардани ҷамъ (мо-моҳо, моён; шумо-шумоҳо, шумоён) дар забони тоҷикӣ ва ба андозае аз забони зиндаи халқ дур будани он, шаклҳои бо суффикси -он ва -ҳо ҷамъ шудани ҷонишини мо ва шумо то ибтидои асри XX ба нормаи умумии забони адабӣ надаромада буданд”19.
Н. Маъсумӣ дар натиҷаи тадқиқоти ҳартарафа ба чунин хулоса омадааст, ки ҷонишинҳои моён ва шумоён ҳанӯз то ибтидои асри XX на танҳо дар сухани гуфтугӯӣ, балки дар нутки хаттӣ ҳам кор фармуда шудааст ва онро аз рӯи ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва қисман қоғазҳои расмии ибтидои асри XX муайян намудааст.
Дар ҳақиқат то ибтидои асри XX ҷонишинҳои моён ва шумоён дар забони насру назм хеле каммаҳсул буда, ба нормаи забони адабӣ дохил нашудааст. Дар “Ёдоет-ул-вақоеъ”-и Восифӣ ҷонишини моён истеъмол нашуда, истифодаи ҷонишини шумоён бошад ҳамагӣ як ё ду маротиба дида мешавад.
Дар забони “Маҷмӯъ-ут-таворих” ҳам ин ҷонишин хеле кам истеъмол шудааст: моён ҳама маслиҳатро ба шумо додем (20 а). Ин тарзи ифодаи ҷонишини моён, менависад Г.Камолова, 20 дар “Маҷмӯъ-ут-таворих” дар асри XVI характери услубӣ дошт.
Дар ибтидои асри XX дар баъзе асарҳо, хусусан асари С.Айнӣ “Таҳзиб-ус-сибён” ва сафарномаи Мирзосироҷи Ҳаким ҷонишинҳои мазкур ба қадри эътидол кор фармуда шудаанд. Мирзосироҷ дар баробари истеъмоли ҷонишини мо ва шумо шаклҳои моён, шумоёнро хеле фаровон истифода карда, дар ифода намудани мафҳуми ҷамъ ин шаклҳоро ҳамчун қоидаи умумӣ ба эътибор мегирад ва ба ин восита онҳоро ба нормаи забони адабӣ наздик мегардонад: ҳеҷ кадом аз моён, ки банди будем, руҳ дар ҷасад надоштем (с.161). Вақте

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё